В Душанбе прошло 46-е заседание Совета руководителей органов безопасности и специальных служб государств-участников Содружества Независимых Государств

ДУШАНБЕ, 22.05.2019. /НИАТ «Ховар»/. 20-22 мая текущего года в городе Душанбе прошло 46-е заседание Совета руководителей органов безопасности и специальных служб государств-участников Содружества Независимых Государств (СОРБ).

В нём участвовали делегации из Азербайджана, Армении, Беларуси, Казахстана, Кыргызстана, России, Таджикистана и Узбекистана. А также руководство Антитеррористического центра государств-участников СНГ.

В ходе данного мероприятия рассмотрены актуальные проблемы борьбы с терроризмом и экстремизмом, другими транснациональными преступлениями.

Участники заседания проинформировали партнёров о национальных проблемах борьбы с терроризмом, обменялись собственным опытом организации противодействия терроризму, предложили пути решения. В частности, Директор ФСБ России Александр Бортников, являющийся председателем Совета, подчеркнул, что взаимодействие спецслужб стран СНГ «позволило в течение года выявить восемь террористических ячеек и задержать более 100 их участников». А.Бортников также отметил, что одним из ключевых направлений сотрудничества спецслужб СНГ является регулярный обмен оперативными данными. Получаемые сведения пополняют международный банк данных по противодействию терроризму, специализированный банк данных Антитеррористического центра СНГ и другие информационные системы коллективного пользования, в связи с тем, что складывающаяся обстановка «требует непрерывного совершенствования совместных действий на антитеррористическом направлении с акцентом на меры упреждающего характера».

Члены СОРБ пришли к соглашению о дополнительных мерах для активизации международного розыска преступников, связанных с терроризмом и экстремизмом, об укреплении сотрудничества специальных служб в проведении оперативно-розыскных операций и мероприятий по предотвращению перемещения боевиков-террористов на территории Содружества Независимых Государств. В ходе заседания обсуждены вопросы информационной безопасности, укрепления сотрудничества в сфере противодействия и профилактики распространения экстремистской идеологии, в том числе посредством Интернет-сети.

В числе других проблем, на 46-м заседании СОРБ рассмотрены вопросы предотвращения использования каналов миграции в террористических целях, противодействия финансированию терроризма, в том числе за счет средств от незаконного оборота наркотиков. Было отмечено, что терроризм продолжает носить глобальный международный характер, адаптируясь к современным условиям, изменяя формы и методы деятельности, расширяя сферу применения в своих целях достижения научно-технического прогресса, в частности средств коммуникации, приобретая всё более изощренный характер. В этой связи, участники заседания высказали заинтересованность в дальнейшей консолидации усилий для реализации и активизации комплекса мер по нейтрализации этой опасности. Представители делегаций единодушны во мнении о необходимости принятия совместных усилий в пресечении каналов финансирования терроризма, в особенности главного источника его финансирования — наркобизнес, который превратился в силу, обладающую огромным финансовым и техническим потенциалом, представляющую серьёзную угрозу международной безопасности. Также была поднята тема использования каналов миграции в целях вербовки и переправки боевиков в третьи страны и обратно.

Участники заседания единодушно отметили, что Таджикистан занимает твёрдую позицию в борьбе с терроризмом, экстремизмом и организованной преступностью. Для проведения 46-го заседания СОРБ в столице Республики Таджикистан были созданы все необходимые условия, что позволило всесторонне обсудить вопросы повестки дня.

По итогам 46-го заседания СОРБ подписан ряд документов об укреплении и расширении партнёрского взаимодействия, объединении общих усилий спецслужб стран СНГ в противодействии реальным угрозам безопасности.

https://youtu.be/j5l4QmDR9LU

Паёми табрикотии раиси шаҳри Бохтар Абдуалим Исмоилзода ба муносибати Рӯзи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон

Ҳамдиёрони азиз!

Дӯстони гиромӣ!

 Бо эҳсоси баланди ватандорӣ ва ифтихори миллӣ 25 - умин солгарди қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистонро таҷлил менамоем, ки ин бо шарофати ваҳдати комили кишвар аст. Ба ин  муносибат сокинони меҳнатқарини шаҳрро самимона табрику таҳният  мегӯям. Ба Шумо мардуми сарбаланди шаҳри Бохтар сиҳатии комил, осмони соф, рӯзгори босаодат, хушию хушҳолӣ ва барору комёбӣ орзу мекунам. 

Бояд қайд кард, ки Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳуҷҷати муҳими тақдирсоз буда, ҳуқуқу озодиҳо ва манфиати халқҳои Тоҷикистонро ифода менамояд. Ин санади ҳуқуқӣ дар муҳити нави сиёсӣ-замони соҳибистиқлолӣ таҳия шуда, халқҳои кишварамон дар муҳокимаи он фаъолона ширкат варзида, он ба таври раъйпурсии умумихалқӣ қабул гардидааст. Дар эҷоди Конститутсия принсипҳои бародарию баробарии халқҳо риоя шуда, Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар миқёси байналмилалӣ аз ҷониби коршиносон баҳои баланд гирифтааст. Оид ба Конститутсия Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон чунин гуфтааст: «Қонуни сарнавиштсоз ва муқаддаси миллӣ, санаде, ки асоси ҳаётии ҷомеаро таъмин мекунад, бунёди устувори рушду такомули давлати соҳибистиқлоли Тоҷикистонро ҳамчун давлати демократӣ, ҳуқуқбунёду дунявӣ ва иҷтимоӣ муайян менамояд».

 Аз ин рӯ, қабули ин ҳуҷҷати ояндасозро метавон чун рӯйдоди муҳиме дар ҳаёти кишварамон арзёбӣ кард. Муҳимияти Конститутсия дар он зоҳир мегардад, ки Истиқлолияти давлатии Тоҷикистонро  аз нигоҳи ҳуқуқӣ асоснок карда, баҳри инкишофи давлати ҳуқуқбунёди Тоҷикистон замина воқеӣ муҳайё сохт. Ин ҳуҷҷати муҳим ба меъёрҳои эътирофшудаи муосир мутобиқ буда, ба шарофати он рукнҳои давлатдории миллиамон устувору қавӣ гардидаанд.

Конститутсия дар таъмини адолати иҷтимоӣ дар ҷомеаи навини
Тоҷикистон нақши муҳим бозида, дар таҳкими дӯстию рафоқат, таъмини сулҳу субот ва ваҳдати миллӣ аҳамияти он бузург аст.

Конститутсия  ҳуқуқу озодиҳои инсонро арзиши олӣ ҳисобида, дар ҳалли масъалаҳои сиёсӣ, иқтисодӣ, иҷтимоӣ, фарҳангӣ ва ахлоқии ҷомеа, ҳамчунин ҳифзи ҳуқуқу озодӣ ва рисолати инсон ва шаҳрвандро ҳимоя менамояд. Ин санад фаъолияти сохторҳои давлатӣ ва ғайридавлатиро ба низом медарорад. Давлатро масъул мекунад, ки ба халқ шароити арзандаи зиндагӣ ва шароити хуби инкишофи ҳаматарафаро муҳайё созад, озодиву амнияти шаҳрвандонро таъмин намояд.

Ҳамдиёрони арҷманд!

Конститутсияи Тоҷикистони соҳибистиқлол баҳри инкишофи соҳаҳои хоҷагии халқ асосҳои ҳуқуқиро устувор намуда, мардумро ба меҳнати бунёдкорона ва ояндасозӣ дилгарм кард. Зеро шаҳрвандон дар оғӯши Ватани ободу озод зиндагии шоиста доранд ва осудагиву амнияти мардум кафолат дода мешавад. 

 Илова кардан зарур аст, ки Конститутсия ҳамчун Қонуни асосӣ дар таљрибаи давлатдории ҷаҳонӣ таърихи беш аз дусадсола дорад. Истилоҳи «конститутсия» аз лотини буда маънои муқарарнамои таъсиснамоиро дорад.

Дар Конститутсия пеш аз ҳама шакл ва муҳити давлат, сохти идоракунии он, вазъи ҳуқуқии инсон ва шаҳрванд, тартиби ташкил ва фаолияти мақомоти давлатӣ муқарар карда мешаванд. Давлатҳое, ки федеративӣ мебошанд ё дар ҳайати он субектҳои мухториятӣ мавҷуд мебошанд, метавонанд вазъи ҳуқуқии ҳар як субектони худро дар конститутсия муқарар кунанд. Муфассал нишон додани меъёрҳо хоси конститутсия намебошад, чунки ба тағйиротҳои кучак дар ҳаёти ҷамъиятӣ ба конститутсия  тағийру иловаҳо ворид кардан лозим меояд. Хусусияти асосии Конститутсия ҳамчун санади олии ҳуқуқӣ дар он мебошад, ки пеш аз ҳама халқ худ ташаббус карда, онро қабул мекунад. Агар ташаббуси мақомоти давлатӣ дар қабули конститутсия бошад,  вале  халқ  ба он розӣ набошанд, метавонанд онро дар раъйпурсии умумихалқӣ рад намоянд. Дар Тоҷикистон панҷ маротиба Конститутсия қабул карда шудааст. Конститутсияе, ки халқи тоҷик бевосита дар ҷараёни қабули он ширкат варзид ва мустақилона онро таҳия намуд, ин конститутсияи ҳоло амалкунанда ба шумор меравад. Конститутсияи соли 1994 дар таносуб аз конститутсяҳои пешин куллан фарқ мекунад, он дар натиҷаи табадулоти куллии ҳаёти сиёсию ҷамъиятӣ ба вуҷуд омада, дар худ муносибатҳои ҷамъиятӣ ва падидаҳоеро ҷой додаст, ки дар конститутсияҳои гузашта мавҷуд набуданд. Ба мисоли таҷзияи ҳокимият, гуногунандешии сиёсӣ ва мафкуравӣ, шаклҳои гуногуни моликият, фаъолияти озоди соҳибкорӣ ва ҳоказо. Ба Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон се маротиба (26-сентябри соли 1999, 22-июни соли 2003 ва бори сеюм 22 майи соли 2016)  таѓйиру иловаҳо ворид карда шудааст. Дар атрофи  тағйиру иловаҳои соли 2016 гуфтан мумкин аст, ки дар  раъйпурсии умумихалқӣ оид ба ворид намудани таѓйиру иловаҳо ба Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки санаи 22 майи соли 2016 баргузор гардид, ба 40 - банд, яъне 38 моддаи Конститутсия  таѓйиру иловаҳо ворид карда шудаанд.

         Сокинони шарафманди шаҳри Бохтар бо дарки ин маъниҳои бузург дар атрофи роҳбарии олии давлату ҳукумати кишвар муттаҳид гардида, баҳри инкишоф додани музаффариятҳои истиқлолият ҷаҳду талош менамоянд. Самари меҳнати ҳамарӯзаи мардум дар мисоли ободу зебо, шаҳри зебову муосир шудани Бохтар  ба назар мерасад. Халқи заҳматқарини шаҳр дар соҳаҳои саноат, сохтмон, хизматрасонӣ, тандурустӣ, маориф, фарҳанг, роҳдорӣ софдилона кор карда, ба масъалаҳои ободонӣ, кабудизоркунӣ ва бунёдкорӣ аҳамияти даркорӣ медиҳанд. Зеро нақшаи кулли (генералии) шаҳр қабул гардида, марҳила ба марҳила амалӣ мешавад. То соли 2035 Бохтар ба шаҳри муосир табдил меёбад. Имрўз таъмиру таҷдиди роҳҳо, ободонӣ, сохтмон, саноат ривоҷ ёфта, бовар дорам, ки мардуми шаҳри Бохтар дар амалӣ гардидани нақшаи кулли шаҳр ҳисса мегузоранд. Илова бар ин, имрўз бо Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон омодагӣ ба 30 – солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон рафта истодааст, ки то соли 2021 зиёде аз 300 иншоот бунёд гашта, кӯчаву хиёбон, умуман шаҳри Бохтар ободу зебо ва гулгулшукуфон хоҳад шуд. Дар ин амали нек бошандагони шаҳр бо дарки масъулияти баланд нақши созгори гузошта истодаанд.

 Маркази вилояти Хатлон рӯз аз рӯз зеботар мешавад. Аммо корҳои бузургу муҳташам дар пешанд. Бовар дорем, ки мардуми маркази вилоят дар ҳимояи қонуният, татбиқи талаботи Конститутсия, эҳтироми он, ободию созандагӣ, беш аз пеш ҳисса мегузоранд. Дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро дар самти иҷрои риояи қонуният, ривоҷ бахшидани созандагиву бунёдкорӣ амалӣ сохта, дар обонии кишвар саҳм мегиранд.

 Бо ҳамин ниятҳои нек бори дигар Шуморо бо Рӯзи қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон табрику муборакбод гуфта, бароятон шодиву нишот, солимӣ, осмони софу беғубор ва дар кишвар сулҳу ваҳдати ҷовидонаро таманно мекунам.

25 - умин солгарди қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон муборак, ҳамдиёрони азиз!

Ҳеҷ овозе нест
 

Суроғаи мо

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

  кӯчаи Б. Ғафуров №9

Бинои Мақомоти иҷроияи маҳалии ҳокимияти давлатии  шаҳри Бохтар

 

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ

facebook.pngmail.ru.pngyoutube.pngvk.png

 

 

Тамос бо мо

Tel: (83222) 2-23-44

Fax: (83222) 2-49-59

Email: kadrho.qurghonteppa@khatlon.tj

Zircon - This is a contributing Drupal Theme
Design by WeebPal.