Бохтар соҳиби Дипломи дараҷаи II ва мукофоти молӣ гардид

Фестивал - намоиши шолӣ ва биринҷ, Фестивали «Оши палав» дар майдони парчами давлатии шаҳри Бохтар бо шукуҳу шаҳомати хоса баргузор гардид. Дар фестивалҳои мазкур раиси вилояти Хатлон Қурбон Ҳакимзода, раиси шаҳри Бохтар Абдуалим Исмоилзода ва дигар масъулон иштирок карда, ба маҳорати ошпазон ва намоиши кишоварзони 25 шаҳру навоҳӣ баҳогузорӣ карданд.

Дар чорабинӣ шолипарварони ҳамаи шаҳру ноҳияҳои вилоят маҳсулоти аз шолӣ омоданамударо ба намоиш гузоштанд.

Раиси вилоят, раиси шаҳри Бохтар ва дигар ҳамроҳонашон аз намоиши пешниҳодкардаи иштирокчиёни фестивал дидан карданд. Ба маҳорати баланди кишоварзон ва ошпазон баҳои баланд доданд.

Маҳсмулоти гуногун аз ҷониби ошпазон ва кишоварзони бохтарӣ бо маҳорати баланди тасхиркунанда  пешкаш гардид, ки соҳиби баҳои баланд буд.

Ҳамзамон дар гӯшаи дигари майдони парҷами давлатӣ мусобиқаи сабзирезакунӣ гузаронида шуд.

Дар қисмати дигари чорабинӣ раиси вилояти Хатлон Қурбон Ҳакимзода ба суханронӣ карда, ҳамаи иштирокчиёни фестивалро барои иштироки фаъолона дар бораи ҳадафи баргузории фестивал ва иштироки кишоварзону ошпазони шаҳру навоҳии вилояти Хатлон табодули афкор намуд.

 Дар охир ғолибони фестивал муайян гардида, қадрдонӣ шуданд.

Шаҳри Бохтар соҳиби Дипломи дараҷаи II ва туҳфаи молӣ гардид.

Дар қисми дигари чорабинӣ барномаи фарҳангии ҳунармандони шаҳри Бохтар  барои болидахотирии иштирокдорони фестивал тақдим шуд, ки аз суруду тарона ва саҳнаҳои ватандӯстона ва алоқаманд ба дар мавзӯи чорабинӣ иборат буданд.   

Ҳеҷ овозе нест
 

Суроғаи мо

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

  кӯчаи Б. Ғафуров №9

Бинои Мақомоти иҷроияи маҳалии ҳокимияти давлатии  шаҳри Бохтар

 

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ

facebook.pngmail.ru.pngyoutube.pngvk.png

 

 

Тамос бо мо

Tel: (83222) 2-23-44

Fax: (83222) 2-49-59

Email: kadrho.qurghonteppa@khatlon.tj

Zircon - This is a contributing Drupal Theme
Design by WeebPal.