ГУСЕЛ ВА ХОТИРОТИ АҶИБ

      Дар назди майдони Парчами миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷамъомад бо иштироки раиси вилояти Хатлон Давлатшоҳ Гулмаҳмадзода Қурбоналӣ, раиси шаҳри Бохтар Исмоилзода Абдуалим ва дигар намояндагони мақомотҳои давлатӣ, инчунин меҳмонон аз вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон доир карда шуд.

      Дар он бобати рӯзҳои фарҳангии вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон дар вилояти ХатлонDSC_0013_3.JPG ҳарф заданд. Сипас меҳмонон бо як камоли эҳтиром ва умеди боз баргузор намудани чунин рӯзҳо гусел карда шуданд. Давоми чандрӯз масъулон аз шаҳр бо меҳмонон одат карда буданд, ки аз рафтанашон ғамгин шуданд. Боз даъвати омадани онҳоро ба Бохтари қадим намуданд. Меҳмонон низ бо ҷудо шудан аз дӯстон ғамгин гашта, мардуми вилояти Хатлон ба Бадахшони кӯҳӣ даъват намуданд. Гуфта шуд, ки бо баргузории ин чорабинӣ муҳаббати Хатлониву Бадахшонӣ ба ҳамдигар бештар гардид ва ҳама бори дигар аз тинҷиву осоиштагии меҳан шукргузорӣ карданд.   

      DSC_0079.JPGИн ҷо чанде аз меҳмонон хусуси хотироти аҷиб ва фаромӯшнашавандаи худ ёдовар шуданд. Лаҳзаи қабул аз ноҳияи Ширинҳои Шоҳтемур ва то дербоз дар роҳҳои интизор шудану бо гулу гулдастаҳо пешвоз гирифтани меҳмонон ва баргузории маҳфилҳову дигар чорабиниҳои шаҳри бохтар ҷолибу диданӣ ва фаромӯшнашаванда буданд. Иброз гардид, ки ҳар рӯзи ин ҷо фаромӯшнопазир буд ва ба худ лаҳзаҳои ҷолиб дошт, ки то дами марг аз хотирот зудуда намешавад.

Итминон аст, ки чунин рӯзҳо баҳри мустаҳкамии дӯстӣ ва рушди сайёҳати дохилӣ бештар ташкил карда мешаванд.

Миёна: 5 (1 овоз)
 

Суроғаи мо

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

  кӯчаи Б. Ғафуров №9

Бинои Мақомоти иҷроияи маҳалии ҳокимияти давлатии  шаҳри Бохтар

 

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ

facebook.pngmail.ru.pngyoutube.pngvk.png

 

 

Тамос бо мо

Tel: (83222) 2-23-44

Fax: (83222) 2-49-59

Email: kadrho.qurghonteppa@khatlon.tj

Zircon - This is a contributing Drupal Theme
Design by WeebPal.