Бохтар: АБДУАЛИМ ИСМОИЛЗОДА РӮ БА РӮ БО ТАМОШОБИН

Раиси шаҳри Бохтар Абдуалим Исмоилзода шоми 4 –уми октябри соли равон дар барномаи мустақими «Рӯ ба рӯ бо тамошобин» -и телевизиони Хатлон иштирок намуда, ба ҳамаи суолҳои мардум ба таври мустақиман ҷавоб гардонид.

         Ровии барнома Саидҷаъфар Сафаров суолҳоеро, ки аз тарафи бинандагон тариқи телефони мобилӣ пешниҳод мегардад, пешкаши раиси шаҳри Бохтар мегардонид. А. Исмоилзода ҳар як суолро бо пешниҳоди факту далели дақиқ посух гардонид.

         Давоми як соати пешниҳод гардидани барнома зиёда аз 10 нафар шаҳрвандони вилояти Хатлон барои ободкориҳо дар маркази вилоят ва пешрафти шаҳри Бохтар изҳори миннатдорӣ намуданд. Дар маҷмуъ, 30 суол пешниҳод гардид. 

Тамошобинони барнома оид ба масъалаҳои бунёди ҳавзҳои шиноварӣ, дарвозаи рамзӣ, замонавӣ сохтани танурхонаҳо, ҷойҳои қолиншӯӣ, майдончаҳои кӯдаколна, сохтмонҳои нотамом, таъминот бо оби ошомиданӣ, насби қутиҳои партовгир дар кӯчаҳо, насби чароғакҳои роҳнамо, тамбашавии нақлиёт дар шаҳр, васеъ кардани роҳҳо, дастрасӣ ба қитъаи замини наздиҳавлигӣ, сарсабзгардонӣ ва бурида шудани дарахтони сояафкан ва амсоли ин суолҳо дода ҷавобҳои қонеъкунанда ва муфассал гирифтанд.

Ҳеҷ овозе нест
 

Суроғаи мо

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

  кӯчаи Б. Ғафуров №9

Бинои Мақомоти иҷроияи маҳалии ҳокимияти давлатии  шаҳри Бохтар

 

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ

facebook.pngmail.ru.pngyoutube.pngvk.png

 

 

Тамос бо мо

Tel: (83222) 2-23-44

Fax: (83222) 2-49-59

Email: kadrho.qurghonteppa@khatlon.tj

Zircon - This is a contributing Drupal Theme
Design by WeebPal.