Бохтар: ЧОРАБИНИИ ФАРХАНГӢ БАХШИДА БА РӮЗИ ЗАБОНИ ДАВЛАТӢ ДАР КӮДАКИСТОНИ №1 БА НОМИ "БУНАФША"

Чорабинии фарҳангӣ  дар  кӯдакистони  №1 ба  номи "Бунафша" - и  шаҳри  Бохтар бахшида  ба  Рӯзи "Забони  давлатӣ" доир гардид. Дар чорабинӣ роҳбарияти  муассиса, волидайн  ва мураббияву тарбиятгирандагони  боғча   ҳузур доштанд. 

Кӯдакон  дар  аввал дар  васфи  забони  давлатӣ  суханронӣ  намуда, сипас шеъру  сурудҳо дар  васфи  забон қироат  карданд. Байни  кӯдакон бозиҳои шавқовар  гузаронида, ба  ғолибшудагон туҳфаи хотиравӣ  тақдим  карда  шуд. Бо баромади хеш дӯстрӯякон хотири ҳамагонро болида  намуданд. Ёдовар бояд  шуд, ки  чорабинии мазкур аз  ҷониби кӯдакони  пеш  аз омодагӣ  ба  мактаб доир  гардид, ки  он  дар сатҳи баланд гузаронида  шуд. Тарбиятгирандагони  боғчаи  болозикршуда, чорабиниро бо як суруди бадеҳа  анҷом  бахшиданд.

Ҳеҷ овозе нест
 

Суроғаи мо

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

  кӯчаи Б. Ғафуров №9

Бинои Мақомоти иҷроияи маҳалии ҳокимияти давлатии  шаҳри Бохтар

 

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ

facebook.pngmail.ru.pngyoutube.pngvk.png

 

 

Тамос бо мо

Tel: (83222) 2-23-44

Fax: (83222) 2-49-59

Email: kadrho.qurghonteppa@khatlon.tj

Zircon - This is a contributing Drupal Theme
Design by WeebPal.