Паёми табрикии раиси шаҳри Бохтар Абдуалим Исмоилзода ба муносибати Рӯзи забони давлатӣ

Ҳамдиёрони азиз!

Бо шарофати истиқлолият, сулҳу ваҳдати миллӣ ва сиёсати фарҳангдӯстонаи Асосгузори  сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон фарҳанги миллӣ ва анъанаҳои мардумӣ рӯ ба рушд ниҳодааст. Дар ҳақиқат, забон на танҳо ҳамчун василаи баёни фикру андеша ва муоширати байниҳамдигарии одамон маҳсуб мегардад, балки дар ташаккули ҳувияти миллӣ ва бедории фикрии соҳибзабонон низ нақши бориз дорад. 

Ҳисси ватандӯстии шаҳрвандони кишвар бедор шуда, раванди хештаншиносӣ   арҷгузорӣ ба муқаддасоти миллӣ ба зинаи сифатан нав гузаштааст. Роҳбари давлат дар мулоқотҳояшон бо зиёиён ва Паёми ҳарсолаашон ба инкишофи фарҳанг эътибори ҷиддӣ дода, нақши забони тоҷикиро дар рушди фарҳанги миллӣ муҳим арзёбӣ менамоянд. Суханони пурмуҳтавои Пешвои миллат дар ситоиши забони давлатӣ дар ҳидоятсозии хурду бузурги мамлакат дар шинохт ва арҷгузорӣ ба муқаддасоти миллӣ нақши калидӣ мебозад. Ин аст, ки дар ҳама ҷо таъкидҳои Сарвари мамлакатро чун раҳнамо, шиор ва сухани намунавӣ истифода бурда, аз рӯйи он кору фаъолият мекунем.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ситоиши забон бисёр бамаврид қайд намудаанд: «Забон хишти аввалини кохи миллат буда, яке аз рукнҳои асосии давлати миллӣ ва нахустунсури тафаккури миллӣ мебошад». Ин ҳидояти Пешвои миллат дар бунёди давлати миллӣ ва густаришу ривоҷи андешаи миллӣ нақши асосӣ дорад. Бо дарназардошти ин нақш ва муҳити созгори соҳибистиқлолӣ, бо ташаббус ва дастгирии роҳбарияти олии кишвар соли 2009-ум Қонуни забон бознигарӣ гардида, дар якҷоягӣ бо халқ дар таҳияи нав қабул шуд. Дар он манфиатҳои милливу давлатӣ ҳимоя шуданд ва фаъолияту корбурди забонҳои дигар низ дар қаламрави Тоҷикистон қонунан ва мутобиқ ба меъёрҳои байналмилалӣ муайян гардидаанд.

Қабули Қонун «Дар бораи забони давлатӣ» гувоҳи он аст, ки демократия пай дар пай дар ҷомеаи мо густариш ёфта, тибқи талаботи Конститутсия манфиатҳои кулли бошандагони Тоҷикистон таҳти ҳимоя қарор доранд.

Дар асоси Қонун «Дар бораи забони давлатӣ» барномаҳо ва нақшаи чорабиниҳо тарҳрезӣ гардида, зина ба зина мавриди амал қарор мегиранд.

Комиссияи татбиқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи забони давлатӣ» дар назди мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳри Бохтар фаъолияти назаррас дошта, рафти иҷрои қонуни мазкурро санҷиш ва назорат мекунад. Имрӯз аз рӯйи нақшаи кории ин комиссия ҷамъомаду чорабинӣ, конференсияҳои илмӣ, санҷишҳои махсуси корӣ оид ба сифати шиору овезаҳо, номгузорӣ ва дигар навиштаҷот бо кормандони масъули ташкилоту муассисаҳо гузаронида, барои тозагии забони давлатӣ корҳои зиёде анҷом дода шуда истодаанд.  

Комиссияи татбиқи қонуни забони назди мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳр мунтазам конференсияву мулоқотҳои судманд доир карда, оид ба имло, сифати шиору овезаҳо, номгузорӣ ва ѓайра ба кормандони масъули ташкилоту муассисаҳо маслиҳату тавсияҳо медиҳанд.

Дар ин самт корҳои назаррас бисёранд, аммо татбиқи қонуни забон тақозо менамояд, ки ҳар як сокини Бохтар дар ин кор худро масъул эҳсос карда, аз оила то мактабу ҷомеа ба забономӯзию забондонии шаҳрвандон диққат дода шавад.

Аз фурсати муносиб истифода бурда, кулли истиқоматкунандагони шаҳри Бохтар ва шаҳрвандони Тоҷикистони соҳибистиқлолро бо иди забон табрику таҳният гуфта, ба онҳо дар роҳи амалӣ сохтани ормонҳои миллӣ комёбӣ орзу мекунам.

Рӯзи забон муборак!

Ҳеҷ овозе нест
 

Суроғаи мо

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

  кӯчаи Б. Ғафуров №9

Бинои Мақомоти иҷроияи маҳалии ҳокимияти давлатии  шаҳри Бохтар

 

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ

facebook.pngmail.ru.pngyoutube.pngvk.png

 

 

Тамос бо мо

Tel: (83222) 2-23-44

Fax: (83222) 2-49-59

Email: kadrho.qurghonteppa@khatlon.tj

Zircon - This is a contributing Drupal Theme
Design by WeebPal.