Бохтар: КУМАКИ ХАЙРИЯВӢ БА НИЁЗМАНДОН ИДОМА ДОРАД

Дар шаҳри Бохтар маъюбону бепарасторон, барҷомондагон, пиронсолону иштирокчиёни ҷангу собиқадорони меҳнат ва оилаҳои ниёзманд доиман дар маркази таваҷҷуҳ қарор доранд. Ин аст, ки онҳо аз тарафи мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳр дастгирӣ ёфта, кумакҳои гуногуни молию пулӣ мегиранд.

Ба иттилои мутахассиси пешбари бахши ҳифзи иҷтимоии аҳолии мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳр Аҳлиддин Ҳусейнов дар арафаи Иди саиди Қурбон ба маблағи 1 млн 796 ҳазору 55 сомонӣ ба ниёзмандон кумак расонида шуд. дар арафаи Иди саиди фитр низ чунин амалҳои хайрхоҳона анҷом дода шуда буд. Илоа гардид, ки дар арафаи 28 – солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба як қатор шахсони яккаву танҳо, ятимону бепарасторон ва ниёзмандон дасти мадад расонида шуд. Хусусан дирӯз ба 12 нафар ниёзмандон дар арафаи ин ҷашни муҳими сиёсӣ кумаки молиявӣ ба маблағи 2107 сомонӣ расонида шуд. Ҳамзамон чанде пеш раиси шахри Бохтар Абдуалим Исмоилзода бо 15 нафар ятимони кулл вохӯрӣ гузаронида шуд. А. Исмоилзода ба ятимон кумакҳои молӣ ва пулӣ кумак кард.

Тибқи иттилои котиби комиссия оид ба ҳуқуқи кӯдаки мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳр Дилшод Шодиев 17 нафар ятимони кулли шаҳри Бохтар дорои суратхисоби махсуси худ мебошанд. Дар арафаи ҳар иду айём аз тарафи мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, шахсони сахопеша ва дигар хайрхоҳон ба суратҳоисоби ятимони кулл маблағҳои хайриявӣ гузаронида мешавад. Маблағҳои мазкурро ятимони кулл пас аз оне, ки ба синни 18 қадам мемонанд, метавонанд, ки дастрас карда дар таҳсил ва зиндагии ояндаи худ истифода кунанд. Бахшида ба соли нави хониш низ ба чанде аз ятимон сару либоси ягонаи мактабӣ кумак карда шуд.

Бахшида ба 28 – солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷониби мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳри Бохтар, роҳбарони ташкилоту муассиса, корхонаҳо ва шахсони алоҳида кумакрасонӣ идома дорад.

Миёна: 5 (1 овоз)
 

Суроғаи мо

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

  кӯчаи Б. Ғафуров №9

Бинои Мақомоти иҷроияи маҳалии ҳокимияти давлатии  шаҳри Бохтар

 

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ

facebook.pngmail.ru.pngyoutube.pngvk.png

 

 

Тамос бо мо

Tel: (83222) 2-23-44

Fax: (83222) 2-49-59

Email: kadrho.qurghonteppa@khatlon.tj

Zircon - This is a contributing Drupal Theme
Design by WeebPal.