Бохтар: СОХТМОН ВА БАИСТИФОДАДИҲИИ 307 ИНШООТИ ҶАШНӢ

Ба ифтихори омодагӣ ба 30 – солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Бохтар баистифодадиҳии 307 иншооти ҷашнӣ ба накша гирифта шудааст. Алакай қисмате аз иншооти мазкур мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифт. Хусусан дар арафаи ҷашни 28 – солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон баиситифодадиҳии чанде аз иншооти таиноташон гуногун мавриди баҳрабардорӣ қарор хоҳад гирифт.

Ба иттилои масъулин тибқи нақша чорабинии мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳри Бохтар оид ба корҳои ободонию созандагӣ аз 307 банд иборат мебошад. Давоми соли 2019 иҷрои 102 банди нақшаи чорабинии мазкур пешбинӣ гардида, дар арафаи ҷашни Иди “Наврӯз 2019” 1 адад бинои истиқоматии 6 ошёна, 2 адад биноҳои сеошёна бо ташкили маркази савдо ва хизматрасонӣ, варзишгоҳ бо 4000 ҷои нишаст ва бинои иловагии таълимии 4 ошёнаи Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Н. Хусрав ба истифода дода шуд. Азнавсозии нуқтаҳои партобҷамъкунӣ 100 фоиз ба анҷом расида, қарори раиси шаҳр оид ба истифодадиҳии иншоотҳои мазкур ба тасвиб расонида шудааст.

Ҳамзамон дар 10 адад майдону гулгашт, аз ҷумла Маҷмааи 10 - солагии Ваҳдати миллӣ, майдонҳои ба номи А. Рудакӣ, ба номи Ҷ. Румӣ, Шаҳидон, сохтмони нишони давлатӣ ва азнавсозии 70 солагии азхудкунии водии Вахш, гулгаштҳои кӯчаи Борбад, боғи истироҳатии ба номи Р. Мурчаев ва боғчаи истироҳатии кӯдаконаи “Фирдавс” корҳои азнавсозию сохтмонӣ ба маблағи 4,9 млн. сомонӣ ба анҷом расонида шуд. Дар арафаи ҷашни 22 - юмин солгарди Ваҳдати миллӣ 4 адад гулгашҳои кӯчаи Борбад, боғи истироҳатии ба номи Р. Мурчаев, майдони Шаҳидон ва 1 адад бинои кумитаи маҳаллаи Маданият ба истифода дода шуд. Аз маблағи умумии зикргардида 740 ҳазор сомонӣ аз ҳисоби буҷети маҳаллӣ ва 4,2 млн. сомонӣ аз ҳисоби соҳибкорон мебошад.

Дар баробари он 27 адад ба маблағи 370 ҳазор сомонӣ аз ҳисоби буҷети маҳаллӣ ва аз ҳисоби соҳибкорон 10 адад биноҳои баландошёнаи истиқоматӣ ба тариқи замонавӣ рангубор карда шудаанд. Инчунин 22 адад ташкилот ва ҷамъиятҳои соҳоҳои саноат, савдо, хизматрасонӣ ва нақлиётӣ дар шуъбаи омори шаҳр ба қайд гирифта шуданд.

Омодагиҳо ба азнавсозии системаи коммуникатсионӣ, аз ҷумла гузаронидани хати об ва паспартов, чароғонкунӣ, ивази хатҳои барқӣ ва симчубҳо оғоз гардидааст.

Ҳеҷ овозе нест
 

Суроғаи мо

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

  кӯчаи Б. Ғафуров №9

Бинои Мақомоти иҷроияи маҳалии ҳокимияти давлатии  шаҳри Бохтар

 

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ

facebook.pngmail.ru.pngyoutube.pngvk.png

 

 

Тамос бо мо

Tel: (83222) 2-23-44

Fax: (83222) 2-49-59

Email: kadrho.qurghonteppa@khatlon.tj

Zircon - This is a contributing Drupal Theme
Design by WeebPal.