Бохтар: РУШДИ МАКТАБИ САНЪАТИ БАЧАГОНАИ ШАҲРИ БОХТАР ДАР ДАВРОНИ ИСТИҚЛОЛИЯТИ ДАВЛАТИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Бо шарофати Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон мактаби санъати бачагонаи шаҳри Бохтар соҳиби бинои наву замонавӣ ва шароити муосир гардид. Имрӯз муассисаи мазкур дорои синфхонаҳои хуштарҳ ва муҷаҳаз бо лавозимоти зарурии дарсӣ мебошад. Дастрасии мизу курсии кофӣ, асбобҳои гуногуни мусиқӣ ва дигар ҷиҳози хониш имкон фароҳам овард, ки хонандагони муассиса дар сатҳи зарурӣ таълиму тарбия гирифта, аз рӯи маҳфили интихобнамуда мувофиқи матлаб омода шаванд.

Тибқи иттилои директори мактаби санъати бачагона Фазлиддин Раҳмонзода 54 нафар омўзгорон ба таълиму тарбияи наврасону ҷавонон машғул мебошанд. Дар давраи хониши солњои 2018-2019 дар мактаби санъати бачагона 460 нафар аз рўи ихтисосњои фортепиано, доирачї, рассомї, раќќос ва дўзанда ба тањсил фаро гирифта шудаанд.

Кормандон ва шогирдони муассиса доиман дар чорабиниҳои сиёсӣ ва фарҳангию фароғатии шаҳриву вилоятӣ ва ҷумҳуриявӣ фаъолона иштирок мекунанд.

Хонандагони мактаби мазкур дар баробари тањсил намудан дар чорабинињои шањриву вилоятї фаъолона иштирок мекунанд. Дар ҳақиқат шогирдони ин даргоҳ бо хубӣ аз уҳдаи навохтани асбобҳои мусиқӣ, рақосӣ ва сароидани суруд дар жанрҳои гуногун баромада метавонанд. Маҳз ин боис гардид, ки чанде аз шогирдони мактаби номбурда дар озмунҳои ҷумҳуриявӣ ба монандӣ “Овози тиллоӣ”, “Истеъдод” , “Чеҳраҳои наврас” ва амсоли ин ширкат намуда, ҷойҳои намоёнро ишғол кардаанд. Ф. Раҳмонзода изҳор дошт, ки ҳамаи дастоварду муваффақиятҳои мактаби санъати бачагонаи шаҳр бо шарофати истиқлолият, сулҳу ваҳдати комили кишвар ва якдилию иттифоқии мардуми сарбаланди тоҷик, инчунин дастгириҳои бевоситаи Пешвои муаззами миллат мебошад.

Аз маҳфили рассомони навраси мактаб дар озмуни “Салом Тошкент” , ки дар шаҳри Тошкенти Ҷумҳурии Узбекистон баргузор гардид, фаъолона иштирок карда, ҷойҳои намоёнро ишғол карданд. Ба ҳамин монанд хонандагон дар дигар озмунҳои ҷумҳуриявию байналмилалӣ ширкат менамоянд. Имрӯз гирду атрофи мактаби санъати бачагона бо ниҳолҳои ороишӣ, гулу гулбутаҳои рангоранг зебу оро дода шудааст.

Бахшида ба 28 – солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо иштироки омӯзгорону хонандагони муассиса чорабинӣ гузаронида шуд. Дар чорабинии мазкур шеъру суруд, таронаҳо дар васфи ватан, истиқлолият ва сулҳу ваҳдат дар иҷрои муҳасилини муассиса пешкаш гардид. Намояндаи кумитаи падару модарони муассиса аз дастгириҳои роҳбари давлат ёдовар гардида, баҳри таълиму тарбияи сатҳи баланд изҳори миннатдорӣ кард.

Итминон меравад, ки минбаъд низ мактаби санъати бачагона дар омода наврасону ҷавонони ҳунарманд нақши созгор мегузорад.

Ҳеҷ овозе нест
 

Суроғаи мо

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

  кӯчаи Б. Ғафуров №9

Бинои Мақомоти иҷроияи маҳалии ҳокимияти давлатии  шаҳри Бохтар

 

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ

facebook.pngmail.ru.pngyoutube.pngvk.png

 

 

Тамос бо мо

Tel: (83222) 2-23-44

Fax: (83222) 2-49-59

Email: kadrho.qurghonteppa@khatlon.tj

Zircon - This is a contributing Drupal Theme
Design by WeebPal.