Бохтар: ИСТИҚЛОЛИЯТ НЕЪМАТИ БЕБАҲОСТ

Зери чунин унвон дар муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами 9-и шаҳри Бохтар бахшида ба 28 солагии Истиқлолияти давлатӣ, мизи муддавар бо иштироки омӯзгорони синфҳои ибтидоӣ доир гардид.

Омӯзгорон дар нишасти мазкур фикрҳои худро оид ба соҳибистиқлолии ватан, дастовардҳои даврони истиқлолият ва ғайра баён намуданд. Гуфта шуд, ки "Истиқлолият барои мо рамзи олии Ватану ватандорӣ, бузургтарин неъмати давлатсозию давлатдории мустақил, кору пайкорҳои созандагӣ, азму талошҳои фидокоронаи расидан ба истиқлолияти сиёсӣ, иқтисодӣ ва фарҳангиро омӯзонида меъёрҳои ҷомеаи шаҳрвандиро таҳким бахшид ва дар як вақт ҳаёти озодонаи ҳар фард ва олитарин дараҷаи бахту саодати воқеии миллатро таъмин намуд".

Шаҳзода Маҷидова, Манзура Ибодова, Фароғат Усмонова оид ба масъалаи истиқлолияти энергетикӣ, сабабҳои барпо шудани ҷанги шаҳрвандӣ ва тарзи рӯз гузаронидани мардум дар он лаҳзаҳои ҳассос, озодию озодандешӣ фикрҳои худро баён намуданд. Изҳор гардид, ки маҳз бо талошҳои Пешвои муаззами миллат мардуми тоҷик ба сулҳу ваҳдат ва якдилӣ расид. Имрӯз ҳамагонро зарур аст, ки ба қадру манзалати истиқлолият ва якдилии мардуми тоҷик расида, баҳри ҳифзи ин неъмати бебаҳо ҳамеша омода бошанд.

Ҳеҷ овозе нест
 

Суроғаи мо

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

  кӯчаи Б. Ғафуров №9

Бинои Мақомоти иҷроияи маҳалии ҳокимияти давлатии  шаҳри Бохтар

 

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ

facebook.pngmail.ru.pngyoutube.pngvk.png

 

 

Тамос бо мо

Tel: (83222) 2-23-44

Fax: (83222) 2-49-59

Email: kadrho.qurghonteppa@khatlon.tj

Zircon - This is a contributing Drupal Theme
Design by WeebPal.