Бохтар: ЧОРАБИНӢ ТАҲТИ УНВОНИ «РУШДИ МАОРИФ ДАР ДАВРОНИ ИСТИҚЛОЛИЯТИ ДАВЛАТӢ»

Бо ташаббуси шуъбаи маорифи мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳри Бохтар дар литсейи давлатии №1 конфиренсия бахшида ба 28-умин солгарди Истиқлолияти давлатӣ бо иштироки мудири маорифи шаҳр Қурбонбӣ Забирзода, дигар намояндагони соҳаи маориф, ҳамаи омӯзгорони фани таърих ва ҳуқуқи муассисаҳои таълимӣ ва хонандагон баргузор гардид.

Нахуст мудири маорифи шаҳри Бохтар Қурбонбӣ Забирзода ҳамагонро ба ҷашни Истиқлолияти давлатӣ табрик намуда, қайд дошт, ки "соҳаи маориф яке аз соҳаҳои афзалиятноки ҷумҳурӣ ба шумор меравад. Бе сабаб нест, ки ҳукумат ва давлат ба ин соҳа ҳамаҷониба ғамхорӣ ва таваҷҷуҳи хоса зоҳир менамоянд". Ин ,маъни дар баромади дигар иштирокчиёни конфиренсия садо дод.

Иштирокчиёни конфиренсия ба хулосае омаданд, ки дастовардҳои Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бояд аз ҷониби ҳар фарди ҷомеа бояд чун муқаддасоти миллӣ ҳифз ва гиромӣ дошта шавад.

Ҳеҷ овозе нест
 

Суроғаи мо

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

  кӯчаи Б. Ғафуров №9

Бинои Мақомоти иҷроияи маҳалии ҳокимияти давлатии  шаҳри Бохтар

 

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ

facebook.pngmail.ru.pngyoutube.pngvk.png

 

 

Тамос бо мо

Tel: (83222) 2-23-44

Fax: (83222) 2-49-59

Email: kadrho.qurghonteppa@khatlon.tj

Zircon - This is a contributing Drupal Theme
Design by WeebPal.