Бохтар: КОНФЕРЕНСИЯ БА ИФТИХОРИ 28 – СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИЯТИ ДАВЛАТӢ

Конфиренсияи муштараки Коллеҷи махсусгардонидашудаи аграрии шаҳри Бохтар ва коллеҷи омӯзгорӣ дар руҳияи садоқат ба Истиқлолият ва Ватан сурат гирифт. Дар ин канфиренсия собиқадорони арсаи меҳнат, роҳбарони коллеҷҳои зикршуда ва донишҷӯён иштирок доштанд. Конфиренсия дар коллеҷи махсусгардонидашудаи аграрии шаҳри Бохтар баргузор гардид.

Сараввал роҳбарони коллеҷҳои мазкур меҳмонон ва донишҷӯёнро бо фаро расидани ҷашни бузурги миллӣ, Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон табрику муборакбод намуданд. Сипас, Тӯтихон Назарова роҳбари собиқадорони ҷангу меҳнати шаҳри Бохтар аз саҳми Пешвои миллат дар ба даст овардани Истиқлолияти давлатӣ ёдовар гардид. Ӯ ба ҳозирин даъват ба амал овард, ки ба қадри сулҳу оромӣ, ваҳдату якдигарфаҳмӣ бирасем. Зеро Истиқлолияти давлатӣ бо заҳмату талошҳои рӯзафзуни Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба даст омадааст.

Собиқадорони меҳнат, шаҳрвандони фахрии шаҳри Бохтар Аҳмадҷон Ализода, Хатича Ализода ва дигарон, ки дар тарбияи насли ҷавон саҳми бориз доранд баромад намуда, таъкид намуданд, ки дар ин давраи ҷаҳонишавии тамаддунҳо зиракии сиёсии худро аз даст надиҳанд. Аз таъриху фарҳанги миллати хеш бохабар бошанд.

Ҳамин нуқтаро Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳман дар Паёми хеш ба муносибати Рӯзи дониш ва дарси сулҳ чунин иброз намуданд: "Мо бояд ба муқобили ҳама гуна зуҳуроти номатлуби ҷаҳони муосир, аз қабили терроризму экстремизм, радикализми динӣ, қочоқи маводи мухаддир, силоҳ, харидуфурӯши одамон, ҷинояткории муташаккили фаромиллӣ, ва дигар омилҳои хатарзо, ки ба сулҳу суботи ҷаҳон, аз ҷумла кишвари мо таҳдид менамояд, мубориза барем".

Донишҷӯёни коллеҷҳои болозикр дар васфи Ватан, Истиқлолияти давлатӣ шеърҳо қироат намуданд. Конфиренсия шавқовару пурмазмун ва таъсирбахш гузашт. Баргузории чунин ҷамъомад миёни ҷавонон имконият фароҳам меорад, ки онҳо дар руҳияи ватандӯстиву худшиноси ба камол расанд.

Ҳеҷ овозе нест
 

Суроғаи мо

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

  кӯчаи Б. Ғафуров №9

Бинои Мақомоти иҷроияи маҳалии ҳокимияти давлатии  шаҳри Бохтар

 

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ

facebook.pngmail.ru.pngyoutube.pngvk.png

 

 

Тамос бо мо

Tel: (83222) 2-23-44

Fax: (83222) 2-49-59

Email: kadrho.qurghonteppa@khatlon.tj

Zircon - This is a contributing Drupal Theme
Design by WeebPal.