Бохтар: ИФТИТОҲИ ИНШООТИ ТАИНОТАШОН ГУНОГУН ВА ТАҶЛИЛИ 28 – СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИЯТИ ДАВЛАТИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар шаҳри Бохтар бо шодию нишоти беандоза, дастовардҳои муҳими меҳнатӣ дар фазои сулҳу ваҳдати комили кишвар истиқбол гирифтанд. Дар таҷлили ин ҷашни муҳими сиёсӣ раиси Кумитаи рушди маҳали назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Қосим Роҳбар, раиси вилояти Хатлон Ҳакимзода Қурбон, раиси шаҳри Бохтар Абдуалим Исмоилзода, намояндагони сохторҳои қудратӣ ва дигар масъулон иштирок доштанд.

Нахуст чанде аз иншооти ҷашнӣ мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифтанд, ки дар сатҳи баланд омода гардида буданд. Ошхона дар шароити замонавӣ мавриди истифода қарор дода шуд. гуфта мешавад, ки дар ошхонаи мазкур ҷойи махсус барои пиронсолон муайян гардидааст, ки ҳамарӯза метавонанд, ки ин ҷо сари як пиёла чой нишаста суҳбате биороянд. Аз Пешвои миллат ва дигар масъулон пирони рӯзгор ва дигар бошандагони шаҳр барои чунин як иншооти муҳим изҳори сипос карданд.

Бинои маъмурии Корхонаи фаръии «Хоҷагию коммуналӣ» - и шаҳри Бохтар низ ба истифода супорида шуд. Бинои баландошёна бо маркази хизматрасонӣ, сехи истеҳсоли шарбат воқеъ дар кӯчаи ба номи Зебониссо мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифт.

Сипас дар варзишгоҳи «Пахтакор» - и шаҳри Бохтар чорабинии тантанавӣ баргузор гардид. Дар он раиси Кумитаи рушди маҳали назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Қосим Роҳбар, раиси вилояти Хатлон Қурбон Ҳакимзода ва раиси шаҳри Бохтар Абдуалим Исмоилзода дар бораи истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, дастовардҳо, сулҳу суботи комили кишвар, роҳнамои ва хизматҳои Пешвои миллат табодули афкор намуданд.

Қисмати дигари чорабиниро бахши фарҳангӣ ташкил медод, ки бо иштироки санъаткорони маъруфи шаҳру вилоят ва ҷумҳурӣ дар сатҳи баланд ҳунарнамоӣ карданд. Истиқболи 28 – солагии истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Бохтар дар сатҳи баланд ва хотирмон гузаронида шуд.

Ҳеҷ овозе нест
 

Суроғаи мо

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

  кӯчаи Б. Ғафуров №9

Бинои Мақомоти иҷроияи маҳалии ҳокимияти давлатии  шаҳри Бохтар

 

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ

facebook.pngmail.ru.pngyoutube.pngvk.png

 

 

Тамос бо мо

Tel: (83222) 2-23-44

Fax: (83222) 2-49-59

Email: kadrho.qurghonteppa@khatlon.tj

Zircon - This is a contributing Drupal Theme
Design by WeebPal.