УСУЛҲОИ ШАЙТОНӢ ДАР АМАЛИ ХОИНОНАИ ТЭТ ҲНИ!

Гурӯҳҳои мухолифи давлат, сиёсати имрӯзаи давлат ва ҳукумати Тоҷикистонро бо ҳар роҳу восита мавриди интиқод ва туҳмат қарор дода, мехоҳанд дар ҳаёти сиёсию иҷтимоии мардуми Тоҷикистон таъсиргузор бошанд. Ташкилоти террористию экстремистии ҳизби наҳзати исломӣ бо ақидаҳои зиддимиллию зиддидавлатӣ ҳамарӯза дар шабакаҳои иҷтимоӣ наворҳои кутоҳ, мақолаҳои бефакту далели подарҳовои худро гузошта мехоҳанд, ки қишри осебпазири ҷомеа, бахусус чавононро ба доми найрангҳои сиёсии худ андозанд. Бадбахтона бо сиёсати ғайримунсифонаю маккорона сари садҳо ҷавонони тоҷикро ба бод додаю дар қасру кушкҳои аврупоӣ давлат меронед ва чун сирру асроратон бознигарӣ мешавад, ба қавле худро ҳамчун ҳомии ҳуқуқи инсон вонамуд сохта, аз якдигар мусичаи бегуноҳ месозанд!?

Дар асл мақсаду марори онҳо дигар буда, хостгори онанд, ки Ватани азизи мо ки имрӯзҳо бо Сарварии фарзанди баору номуси миллати тоҷик ободу зебо гашта истодааст, ба оромии ин Ватан халал расонанд. Аммо халқи тоҷик дигар ба ин дасисаҳои ин гуруҳи хоинона бовар надоранд ва намегузоранд, ки дар кишвари ободу зебои аждодиашон ин нохалафон ва хоинони Ватан чашм аъло кунанд. Ин доду фиғоне, ки тариқи сомонаҳои ифротии худ мекунанд, хайёл доранд, ки халқи тоҷик ба онҳо ва сагбачаҳояшон боварӣ доранд, ҳаргиз бовар намекунанд, чунки халқи тоҷик алакай медонанд, ки шумо бо кадом роҳу восита моро ба ҷангу иғво андохта будед. Як маротиба мамлакатамон ба порчаҳо тақсим гашта аз изи пояи давлатдорӣ асаре намонда буд. Тоҷикистон макони терроризму экстремизм гардида, бо ҳар роҳу восита гурӯҳҳои манфиатҷӯ бозиҳои нопоконаи худро дар сарзамини мо роҳандозӣ менамуданду хоки муқаддаси моро мавриди озмоишгоҳ қарор дода буданд. Хуллас, миллат ба умқи чоҳи аҳриманӣ ва зиммоми ҳукмронӣ дар дасти заҳҳокони даврӣ афтода буд.

Кинаву адоват, бухлу ҳасад ҷойгузини сулҳу субот ва меҳру адолат гардида буд. Давлату миллат ба дастгирии сарваре чун Африддуну Коваи замонро ниёз дошт. Он курбинону нотавонбинони миллати тоҷик Тоҷикистонро ба коми оташи ҷанг кашонида тавонистанд, аммо як чизро фаромуш сохтаанд, ки миллати тоҷик назди парвардигор миллати назарианд.

Ба мардуми бо нангу номуси тоҷик гуфтаниям, ки чиқадар ҳушёр бошанд ва ба дурӯғгӯии аъзоёни фирории Ташкилоти террористӣ- экстремистии ҲНИ ҳеҷ гоҳ бовар накунанд. Ба қадри пойдории сулҳу ваҳдат, хандаи ширини модарону кӯдакон ва оромӣ дар кишварамон бирасанд. Ба дасисаҳои бадхоҳони Ватани азизамон ҳаргиз дода нашаванд. Шукронаи ҳаёти осуда дар кишвар кунем ва баҳри ободӣ ва пешравии давлатамон ҳамеша саҳмгузор бошем.

Ҳеҷ овозе нест
 

Суроғаи мо

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

  кӯчаи Б. Ғафуров №9

Бинои Мақомоти иҷроияи маҳалии ҳокимияти давлатии  шаҳри Бохтар

 

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ

facebook.pngmail.ru.pngyoutube.pngvk.png

 

 

Тамос бо мо

Tel: (83222) 2-23-44

Fax: (83222) 2-49-59

Email: kadrho.qurghonteppa@khatlon.tj

Zircon - This is a contributing Drupal Theme
Design by WeebPal.