БОХТАР: Рӯзи дониш ва дарси сулҳ

ИМРӮЗ АЗ СУБҲИ БАРВАҚТ ШОДИЮ НИШОТИ НАВРАСОНУ ҶАВОНОНРО ҲАДУ КАНОР НАБУД. АЗ ЧЕҲРАИ НУРОНИИ ОНҲО АЙЁН БУД, КИ ДЕР БОЗ ИН РӮЗРО ИНТИЗОР БУДАНД ВА ДАР ТАН ЛИБОСҲОИ ЯГОНАИ МАКТАБИРО БА БАР НАМУДА БУДАНД.

ДАР МАКОТИБИ МИЁНАЮ ОЛИИ ШАҲРИ БОХТАР РӮЗИ ДОНИШ ВА ДАРСИ СУЛҲРО ОМӮЗГОРОНУ ХОНАНДАГОН ДАР САТҲИ БАЛАНД ГУЗАРОНИДАНД. МУОВИНОНИ РАИСИ ШАҲР ВА МУДИРОНИ ШУЪБАҲОИ ДАСТГОҲИ РАИСИ ШАҲР ДАР РӮЗИ АВВАЛИНИ ТАҲСИЛ ДАР МУАССИСАҲОИ ТАЪЛИМӢ ИШТИРОК НАМУДА, ОМӮЗГОРОНУ ХОНАНДАГОНРО БА ИН РӮЗ ШОДБОШ ГУФТАНД.

ДАР МАҶЛИСИ ПАГОҲИРӮЗИИ МУАССИСАҲО ШИРКАТ НАМУДА, ОИД БА ОМОДАГИИ МУАССИСАҲОИ ТАЪЛИМӢ БА СОЛИ НАВИ ХОНИШ, ИСТИҚБОЛИ РӮЗИ ДОНИШ ВА ДАРСИ СУЛҲ, ДАСТГИРИҲОИ ДАВЛАТУ ҲУКУМАТИ КИШВАР НИСБАТИ СОҲАИ МАОРИФ ТАБОДУЛИ АФКОР НАМУДАНД.

ДАР ЛИТСЕЙИ ДАВЛАТИИ №1 МУОВИНИ РАИСИ ШАҲР ШОИСТА АБДУНАЗАРЗОДА, МУДИРИ ШУЪБАИ МАОРИФ Қ. ЗАБИРЗОДА ВА ДИГАР МАСЪУЛОН, НАМОЯНДАИ ВОЛИДОН ИШТИРОК КАРДА, АЗ НОМИ РАИСИ ШАҲР ОМӮЗГОРОНУ ХОНАНДАГОНРО БА ИН РӮЗ ШОДБОШ ГУФТА, ИЗҲОР ДОШТ, КИ ДАР МУАССИСАИ МАЗКУР ШАРОИТИ МУСОИД БАРОИ КОРУ ТАҲИСЛИ ОМӮЗГОРОНУ ХОНАНДАГОН МУҲАЙЁ МЕБОШАД. МУОВИНИ РАИСИ ШАҲР САЙФИДДИН ИСМОИЛ ДАР ЛИТСЕЙИ ТАМОЮЛИ ТЕХНОЛОГИИ ШАҲР ШИРКАТ КАРД. ГУРӮҲҲОИ КОРИИ МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ МАҲАЛЛИИ ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ ШАҲР АЗ СИНФХОНАҲО ДИДАН КАРДА, БО ХОНАНДАГОН СУҲБАТИ ОЗОД ОРОСТАНД.

СИПАС ОМӮЗГОРОНУ ХОНАНДАГОНИ МУАССИСАҲОИ ТАЪЛИМӢ ТАРИҚИ ОИНАИ НИЛГУН МУСТАҚИМАН ИШТИРОК ВА СУХАНРОНИИ РОҲБАРИ ДАВЛАТРО ДАР РӮЗИ ДОНИШ ТАМОШО КАРДАНД.

Ҳеҷ овозе нест
 

Суроғаи мо

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

  кӯчаи Б. Ғафуров №9

Бинои Мақомоти иҷроияи маҳалии ҳокимияти давлатии  шаҳри Бохтар

 

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ

facebook.pngmail.ru.pngyoutube.pngvk.png

 

 

Тамос бо мо

Tel: (83222) 2-23-44

Fax: (83222) 2-49-59

Email: kadrho.qurghonteppa@khatlon.tj

Zircon - This is a contributing Drupal Theme
Design by WeebPal.