22-ЮМИ АПРЕЛ РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ЗАМИН

  Дар муассисаи давлатии таълимии коллеҷи махсусгардонидашудаи шаҳри Бохтар семинари илмӣ-таҷрибавӣ бахшида ба рӯзи байналмилалии Замин дар мавзӯи «Замин асоси ҳастии башарият аст» баргузор гардид. Дар он сардори Раёсати ҳифзи муҳити зисти вилоят, намояндагони мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр, роҳбарият ва кормандону донишҷӯёни коллеҷи мазкур иштирок доштанд. Қабл аз оғози чорабинӣ намоиши лавозимоти кории техникӣ, кишоварзӣ ва маҳсули дастранҷи донишҷӯён дар алоқаманди ба чорабинӣ ташкил карда шуд. Иштирокдорон аз намоиш дидан карда, ба ҳунару маҳорати онҳо баҳои баланд доданд. Ин ҷо вобаста ба эълон гардидани соли 2018, «Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ» гӯшае ташкил карда шуда буд, ки аз маҳсули ҳунарҳои мардумӣ иборат буд. Ғайр аз ин донишҷӯён тавонистанд, ки ҳамаи масолеҳи ба намоиш гузошта шударо бо хуби муаррифи карда, аз дастгириҳои доимӣ, шароитҳои муҳайёгардида ёдовар шуданд.

    Сипас дар толори маҷлисии муассиса ҷамъомад баргузор гардид, ки кори онро сардори Раёсати ҳифзиDSC_0046.JPG муҳити зисти вилояти Хатлон оғоз бахшида, бобати эълон гардидани 22-юми апрел чун рӯзи байналмилалии Замин, шароитҳои имрӯзаи корӣ ва дигар самтҳои алоқаманд ба мавзӯро ёдовар гардид. Дигар иштирокдорон ҳам баромад намуда, оид ба мавзӯҳои гуногун ибрози назар карданд. Гуфтан мумкин аст, ки иштирокчиён хусуси мавзӯҳои «Замин маҳсули табиат мебошад», «Барномаи рушди соҳаи боғу токпарварӣ дар ҷумҳурӣ», «Усулҳои биологӣ, мубориза бар зидди ҳашаротҳои зараррасони растаниҳо», «Захираҳои барқарор намудани ҳосилхезии замин» ва «Растаниҳои сидератӣ барои нурии сабз» ибрози андеша намуданд. Сипас суолу ҷавоб низ вобаста ба мавзӯи мазкур миёни мутахассисони соҳа ва донишҷӯён гузаронида шуд, ки дар натиҷа аз ин ҷавонон маълумотҳои ҷолиб гирифтанд.

Миёна: 1 (1 овоз)
 

Суроғаи мо

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

  кӯчаи Б. Ғафуров №9

Бинои Мақомоти иҷроияи маҳалии ҳокимияти давлатии  шаҳри Бохтар

 

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ

facebook.pngmail.ru.pngyoutube.pngvk.png

 

 

Тамос бо мо

Tel: (83222) 2-23-44

Fax: (83222) 2-49-59

Email: kadrho.qurghonteppa@khatlon.tj

Zircon - This is a contributing Drupal Theme
Design by WeebPal.