Бохтар: ҚАДРДОНӢ БА ХОТИРИ «РӮЗИ КОРМАНДОНИ СОҲАИ ТИБ»

Ҳамасола дар кишвар рӯзи 18 –уми август чун Рӯзи кормандони соҳаи тиб ҷашн гирифта мешавад. Ба муносибати таҷлили Рӯзи табибон дар шаҳри Бохтар чорабиниҳои гуногун баргузор гардида истодааст.

Ба ин хотир дар беморхонаи марказии шаҳр, муассисаҳои кумаки аввалияи тиббию санитарии шаҳр ва маркази ёрии таъҷилии шаҳри Бохтар бо иштироки муовини раиси шаҳр Шоиста Абдуназарзода, роҳбарон ва кормандони соҳаи тибби шаҳр чорабинӣ баргузор гардид. дар он нахуст Ш. Абдуназарзода суханронӣ карда, ҳамаи кормандони соҳаро ба ин муносибат шодбош гуфт. Изҳор дошт, ки имрӯз раиси шаҳри Бохтар муҳтарам Исмоилзода Абдуалим Абдулазиз баҳри дастгирии кормандони соҳаи тиб аз ҳамаи имкониятҳои мавҷуда ба таври зарурӣ истифода мекунад. Ба рушди ин соҳа ва муҳайё намудани шароту имкониятҳо таваҷҷуҳи махсус равона намудааст. Гуфта шуд, ки дар ҳақиқат пешрафти соҳаи тандурустӣ бо дастгирии бевоситаи роҳбари олии кишвар мебошад. Изҳор гардид, ки худ таҷлил намудани иди касбии шифобахшону ҳомиёни саломатии инсон нишони таваҷҷуҳ ва дастгириҳои Ҳукумати мамлакат ба ин соҳа ва кормандони он мебошад. Ш. Абдуназарзода илова намуд, ки дар шаҳри Бохтар ба масъалаи ҷалби кормандони таҷрибадори тиббӣ, мутахассисони баландихтисос диққати аввалиндараҷа дода мешавад. Зеро саломатии сокинон ва муолиҷаи онҳо ба дониши касбии кормандони соҳаи тиб низ вобастагӣ дорад. Кормандони соҳа бояд ба қадру манзалати кору вазифаи худро расида, дар самти иҷрои вазифаву уҳдадориҳои хеш масъулияти ҷиддӣ дарк намоянд. Дар муносибат ба муроҷиаткунандагон ҳамеша аз ҳалиу меҳрубон бошанд.

Сипас, роҳбарони беморхонаи марказии шаҳр Ш. Абдураҳимов, муассисаҳои кумаки аввалияи тиббию санитарии шаҳр Абдуллоев Содиқ ва маркази ёрии таъҷилии шаҳр Музаффар Ғафуров бармоад карда, аз дастгириҳои давлату Ҳукумати кишвар ёдовар гардиданд. Изҳор гардид, ки кормандони соҳаи тиб доиман баҳри сазовор будан ба дастгириҳо ва таваҷҷуҳи роҳбари кишвар самимона кӯшиш мекунанд. Дар иҷрои кори хеш сидқан вазифаву уҳдадориҳоро бо истифода аз маҳорати баланди касбиашон истифода мекунанд. Баҳри баланд бардоштани дониши касбии кормандони соҳаи тиб таваҷҷуҳ зоҳир мегардад. ин аст, ки ҳамасола кормандони соҳа барои табодули таҷриба, омӯзиши касбӣ ба курсҳои гуногуни омӯзишӣ, такмили ихтисос фиристода мешаванд. Маҳз ба ҳамин хотир сол аз сол донишу фаҳмиш ва корбарии кормандони соҳаи тиб рӯ ба беҳӣ ниҳода истодааст.

Дар қисмати дигари чорабинӣ кормандони фаъоли соҳаро аз беморхонаи марказӣ, кумаки аввалияи тиббию санитарӣ ва маркази ёрии таъҷилӣ бо ифтихорнома ва туҳфаҳои мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шахри Бохтар сарфароз гардониданд. Изҳор гардид, ин ҳавасмандгардониҳо метавонад, ки кормандони соҳаи тибро боз ҳам рӯҳбаландтар намояд. Онҳо баҳри боз ҳам зинаҳои баланд ва сазовор гардидан ба ғамхориҳо бештар кӯшиш кунанд. Гуфта шуд, ки ба муносибати Рӯзи кормандони соҳаи тиб дар шаҳри Бохтар боз баргузории чорабинии бошукӯҳ ба нақша гирифта шудааст, ки қисмати дигари фаъолон он ҷо қадрдонӣ хоҳанд шуд.

Миёна: 5 (1 овоз)
 

Суроғаи мо

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

  кӯчаи Б. Ғафуров №9

Бинои Мақомоти иҷроияи маҳалии ҳокимияти давлатии  шаҳри Бохтар

 

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ

facebook.pngmail.ru.pngyoutube.pngvk.png

 

 

Тамос бо мо

Tel: (83222) 2-23-44

Fax: (83222) 2-49-59

Email: kadrho.qurghonteppa@khatlon.tj

Zircon - This is a contributing Drupal Theme
Design by WeebPal.