Т. Давлатзода: «ГУЛ НИЗ ЧУН ИНСОН НИГОҲУБИН МЕХОҲАД»

Корхонаи фаръии давлатии «Ниҳолпарварӣ ва кабудизоркунӣ» -и шаҳри Бохтар аз муассисахое маҳсуб меёбад, ки дар самти корҳои ободонию кабудизоркунӣ, шинонидани ниҳолҳо, гулу гулбуттаҳо, зебогардонии маҳали зисти шаҳрвандон, кӯчаю хиёбонҳо, майдону гулгаштҳо дар маркази вилояти Хатлон мусоидат менамояд. Имрӯз дар ин корхона ду адад гармхонаи доимиамалкунандаи ҳозиразамон дар ҳаҷми 640М2 фаъолият мекунад. Инчунин 5 гармхона бо масоҳати умумии 1510 м2 мавҷуд мебошад, ки барои таъмини кӯчаҳо ва майдону гулгаштҳои шаҳри Бохтар бо гулҳои гуногуни мавсими хеле мусоидати арзанда менамояд.

Тоҷиддин Давлатзода, роҳбари корхонаи болозикр гуфт, ки дар КФД «Ниҳолпарварӣ ва Кабудизоркунӣ»-и шаҳр 54 нафар фаъолият намуда, дар гулгулшукуфоии шаҳр саҳмгузорӣ мекунанд. Дар мувозинати корхона 6,3 га заминҳои корам мавҷуд мебошад, ки аз ин миқдор 2 га замини он дар ҳудуди бинои маъмурии корхона буда, барои парвариш намудани ниҳоли гулу гулбуттаҳо истифода бурда мешавад. Инчунин 4,3 га замин ва роҳу роҳравҳои корхона ҳамеша дар ҳолати кабудизоркунӣ ва гулу гулкорӣ намудан қарор мегиранд. Рӯбандаҳои корхона ҳамарӯза қитъаҳои вобастагардидаро рубучин мекунанд.

Т. Давлатзода илова намуд, ки барои иҷрои Қарори раиси шаҳри Бохтар «Оид ба ободонию кабудизоркунии майдону гулгаштҳо, кӯчаю хиёбонҳои маркази шахри Бохтар» нақша чорабинӣ тартиб дода шуда, корҳои зиёда анҷом дода шуд. махсусан замини корами ҳудуди корхона , ки 2 га –ро ташкил медиҳад бо пуррагӣ нарм ва кишт карда шуда, 80 ҳазор бех каламчаҳои гулҳои садбарги ҳархела шинонида шуд. дар гармхонаҳо бошад зиёда аз 5 намуди гулҳои мавсимии гуногун парвариш ёфта истодааст. Ба иттилои манбаъ, дар боғи 70 солагии водии Вахш ва дар болои теппаи Бибихонум зиёда аз 1650 дона дарахтони ороишӣ шинонида шуд. 41 бех Мажавелник, 26 бех Туя залатисти, 30 бех Туя компактни, 5 бех декаративни слива, 5 бех Красни клён ва амсоли ин дарахтони ороишӣ шинонида шудааст, ки ба зебогии майдонҳои мазкур зеби дигар зам менамоянд.

Дар кӯчаю хиёбонҳои шаҳр , хусусан дар кӯчаҳои Ваҳдат, С. Айнӣ, Борбад, Б. Ғафуров ва майдонҳои И. Сомонӣ, Ҷ. Румӣ, Оташи абадӣ ва дигар 297,5 ҳазор гулҳои мавсимӣ, 18,5 ҳазор гулҳои доимӣ навъи садбарг, 17,5 гули ЛОЛА ва пошидани газон ба миқдори 3,7 ҳазор м2 шинонида шуд. барои мунтазам ҳаракат намудани нақлиёт 330 адад шохаҳои каҷу килеб ва дарахтони хушк тоза карда шуданд.

Роҳбари КФД «Ниҳолпарварӣ ва кабудизоркунӣ» - и шаҳри Бохтар Тоҷиддин Дпавлатзода изҳор дошт, ки корхона дорои 8 адад техника буда, 3 адади он дар ҳолати коршоямӣ қарор дошта, 2 адади он таъмирталаб мебошад. Корхона барои дар сатҳи лозима гузаронидани зимистони солҳои 2019 – 2020 захираи намак, қум, таъмири техникаҳо, ҳезум ва амсоли инро ба таври кофӣ ба роҳ мондааст. Илова бар ин, салафанпӯш намудани гармхонаҳо барои аз сармо нигоҳ доштани угониҳои гулҳои мавсимӣ пошидашуда мебошад.

Бо боварӣ гуфтан мумкин аст, ки дар мавриди дар сатҳи баланд фаъолият намудани корхонаҳои коммуналӣ – ниҳолпарварӣ ҷашнҳои миллию давлатии дарпешистода дар сатҳи баланд бо зебогии беандоза истиқбол гирифта мешаанд. Шаҳри Бохтар, ки маркази маъмурии вилояти Хатлон мебошад гулгулшукуфон мегардад ва беҳтарин ҷойи дидании мардуми сайёра мешавад.

Ҳеҷ овозе нест
 

Суроғаи мо

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

  кӯчаи Б. Ғафуров №9

Бинои Мақомоти иҷроияи маҳалии ҳокимияти давлатии  шаҳри Бохтар

 

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ

facebook.pngmail.ru.pngyoutube.pngvk.png

 

 

Тамос бо мо

Tel: (83222) 2-23-44

Fax: (83222) 2-49-59

Email: kadrho.qurghonteppa@khatlon.tj

Zircon - This is a contributing Drupal Theme
Design by WeebPal.