Ш. Абдуназарзода: «Сифати хизматрасонии тиббиро бояд баланд бардошт»

Дар толори маҷлисии мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳри Бохтар Шӯрои навбатии соҳаи тандурустӣ баргузор гардид. Дар он муовини раиси шаҳр Шоиста Абдуназарзода, сардухтурон ва кормандони кумаки аввалияи тиббӣ, беморхонаи марказӣ ва маркази ёрии таъҷилии шаҳри Бохтар иштирок доштанд.

Нахуст Шоиста Абдуназарзода хусуси ҳадафи асосии ташкил ва гузаронидани Шӯро, тартиби корбарӣ дар соҳаи тандурустӣ, назорати соҳа аз тарафи мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳр, шароиту имкониятҳои духтурон дар маркази вилоят, таъминоти таҷҳизоти тиббии муосир, сифати хизматрасонии тиббӣ, таъминоти мутахассисони соҳаи тиб дар марказҳои хизматрасонии тандурурстӣ, камбудию норасоиҳо ва мушкилоти ҷойдошта табодули афкор намуд. Сардухтурон, мудирони шуъбаҳо оид ба раванди корӣ ва дастоварду муваффақиятҳои соҳа ҳисобот доданд. Гуфта шуд, ки дар таҳлил нисбат ба солҳои қаблӣ сифати хизматрасонии тиббӣ, шароту имконияти кории табибон, таъминот бо таҷҳизоти мусоири тиббӣ беҳтар гардидааст. Ин аст, ки то андозае кори табибон дар ташхиси беморон, хизматрасонӣ ва дар умум табобати беморон осонтар гардида истодааст.

Ёдовар бояд гардид, ки пеш аз баргузории Шӯрои мазкур гурӯҳи кории макомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳри Бохтар бо роҳбарии муовини раиси шаҳр Шоиста Абдуназарзода аз беморхонаи марказӣ, КАТС ва дигар марказҳои хизматрасонии тиббии шаҳр дидан намуд. Ш. Абдуназарзода кори ҳамшираҳои минтақавиро ғайриқаноатбахш унвон намуд. Гурӯҳи корӣ дар беморхона, КАТС, шуъбаҳои кӯдаконаву занона як қаторо камбудиҳоро ошкор намуд. Зимни баргузории Шӯро Ш. Абдуназарзода аз камбудию норасоиҳои ҷойдошта ёдовар гардида, аз камтаваҷҷуҳиии масъулин нисбати ҳуҷҷату ҳуҷҷатгузорӣ, назорати дақиқи ҳамшираҳои минтақавӣ изҳори нигаронӣ кард. Изҳор гардид, ки қисмате аз ҳамшираҳои минтақавӣ нисбати кори худ беэътинои зоҳир менамоянд ва ин боиси афзудани мушкилот ва ё фавти модару кӯдак гардад. Аз ин лиҳоз, сардухтурон ва шудирони шуъбаҳоро зарур меояд, ки аз рӯи фаъолияти кормандони худ назоратро ба таври ҷиддӣ ба роҳ монанд. Зеро давоми шаш моҳи соли 2019 фавти 17 кӯдак ба қайд гирифта шудааст, ки ин боиси таасуф ва нигаронист. Дар таҳлил ба ҳамин давраи соли гузашта 11 ҳолати фавти кӯдак бештар гардидааст. Ин валбатта, аз пешгирӣ накардан вас уст фаъолият кардани масъулон дарак медиҳад. Таҳлилҳо нишон доданд, ки сабаби асосии фавти кӯдакон ин аз норасоии хуни модарон мебошад. Ҳол он ки дар мавриди корбарӣ пеши роҳи чунин ҳолатҳоро гирифтан имконпазир мебошад. Ғайр аз ин ба масъалаи сифати хизматрасонии тиббӣ мавриди таҳлил ва пурсиш қарор гирифт. Гуфта шуд, ки ба тахассуснокӣ ва фаҳмишу касбияти кормандони соҳаи тиб бояд диққати аввалиндараҷа дода шавад. Зеро ба ҳар нафаре, ки дар соҳаи тибби шаҳр фаъолият мебарад мардум эътимоди ҷиддӣ мекунанд ва саломатии худро бовар менамоянд.

Дар қисмати дигари Шӯро сардухтурон, мудирони шуъбаҳо ва табибон баҳри рафъи камбудию норасоиҳои ҷойдошта вазифадор карда шуданд. Қайд гардид, ки барои беҳтар кардани сифати хизматрасонӣ аввалан атестатсия барои кормандони соҳаи тиб гузаронида шавад то дар беморхонаҳо танҳо табибони тахассусманду кордон кору фаъолият намоянд.

Ҳеҷ овозе нест
 

Суроғаи мо

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

  кӯчаи Б. Ғафуров №9

Бинои Мақомоти иҷроияи маҳалии ҳокимияти давлатии  шаҳри Бохтар

 

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ

facebook.pngmail.ru.pngyoutube.pngvk.png

 

 

Тамос бо мо

Tel: (83222) 2-23-44

Fax: (83222) 2-49-59

Email: kadrho.qurghonteppa@khatlon.tj

Zircon - This is a contributing Drupal Theme
Design by WeebPal.