Бохтар: ИСЛОҲИ НАВИШТАҶОТ ВА ИВАЗИ ШИОРУ ОВЕЗАҲОИ ФАРСУДА

Кӯҳнаву фарсуда гардидани шиору овезаҳо, рекламаҳо ва хатогиҳои имлоию забонӣ дар навиштаҷот аз

мушкилоте маҳсуб меёбад, ки масъулини мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳри Бохтарро нигарон кардааст. Маҳз ин боис шуд, ки гурӯҳҳои корӣ ташкил гардад. Тибқи нақша дар ҳамаи маҳаллаҳова кӯчаву хиёбонҳо чор гурӯҳи кории мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳри Бохтарба кор сар карданд.

Раиси шаҳри Бохтар Абдуалим Исмоилзода дар ҷаласаи назоратии худ роҳбари дастгоҳ Меҳмондӯстзода Ҷумъахонро баҳри ташкили гурӯҳҳои корӣ дар назорати корҳои ободонию бунёдкорӣ, батанзимдарорӣ ва назорати шиору овезаҳо масъул гардонид. Ҳадафи асосӣ омодагӣ ба Истиқлолияти

давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар ҷашнҳои умумимиллӣ мебошад. Агар гурӯҳи аввал аз назди Кохи Ватан то меҳмонхонаи Бохтариён ду тарафи роҳ, мағозаву марказҳои хизматрасонӣ, ташкилоту муассиса, корхонаҳо ва хонаҳои баландошёнаро назорат намуда бошанд, гурӯҳи дуюм аз гирдгардиши меҳмонхонаи Рамз то бозори Ҳоҷӣ – Шариф, гурӯҳи дигар аз гирдгардиши Рамз то гардиши шаҳло ва дигар гурӯҳҳо низ амсоли ин кор бурда, барои иваз намудани шиору овезаҳои кӯҳнаву фарсуда ва ислоҳи хатогиҳои имлоию забонӣ дар навиштаҷоти рекламаҳо суҳбату вохӯрӣ ва корҳои фаҳмондадиҳӣ гузарониданд. Инчунин чанде аз шиору навиштаҷоти куҳнаву фарсуда дар мувофиқа бо масъулини марказҳои хизматрасонӣ ва ташкилоту муассисаҳо аз тарафи кормандони идораи чароғонкунии шаҳри Бохтар, ки аъзои гурӯҳи корӣ мебошанд, канда шуданд. Ёдовар бояд гардид,ки аз ҷониби комиссияи татбиқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон»-и назди мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳр баҳри тозагии забони давлатӣ, риояи имлои нави забони тоҷикӣ корҳои фаҳмондадиҳӣ ва назоратӣ дар ҳудуди шаҳр ба роҳ монда мешавад. Илова бояд намуд, ки аллакай дар гӯшаву канори шаҳри Бохтар шиору навиштаҷот оид ба таҷлили Истиқлолияти давлатӣ овезон карда шудааст, ки ин ҳама тарғибгари сулҳу якдилӣ, тифоқӣ, истиқлолияти комили кишвар мебошанд.

Ҳеҷ овозе нест
 

Суроғаи мо

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

  кӯчаи Б. Ғафуров №9

Бинои Мақомоти иҷроияи маҳалии ҳокимияти давлатии  шаҳри Бохтар

 

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ

facebook.pngmail.ru.pngyoutube.pngvk.png

 

 

Тамос бо мо

Tel: (83222) 2-23-44

Fax: (83222) 2-49-59

Email: kadrho.qurghonteppa@khatlon.tj

Zircon - This is a contributing Drupal Theme
Design by WeebPal.