РӮЗИ МУДОФИАИ ГРАЖДАНӢ ДАР МУАССИСАҲОИ ТАЪЛИМӢ

        Баргузории Рӯзи мудофиаи гражданӣ дар шаҳри Бохтар тасдиқи худро ёфтааст ва дар муассисаи таълимии №13 шакли намунавии он гузаронида шуд. Дар чорабинии мазкур намояндагони бахши кумитаи ҳолатҳои фақулода ва мудофиаи граждании шаҳр, шуъбаи маориф, директорон, омӯзгорони фании омодагии дифои ҳарбӣ ва хонандагони муассисаҳои таҳсилоти ҳамагонӣ иштирок доштанд.  

     Дар рафти тадбири мазкур хонандагон ҳолатҳои гуногуни машқҳоро дар ҳолатҳои фавқулода намоиш DSC_0044.JPGдоданд. Ҳамзамон дар ин рӯз дар муассисаи мазкур аз ҷониби Раёсати кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждани дар вилояти Хатлон намоиши техника ва дастгоҳҳоии замонавии наҷотдиҳӣ ташкил карда шуда буд.

      Бояд гуфт, ки гузаронидани рӯзи мудофиаи граждании намунавӣ дар асоси нақшаи чорабиниҳои асосии шаҳри Бохтар оид ба масъалаҳои мудофиаи гражданӣ, эътино, пешгирӣ ва рафъи оқибатҳои ҳолатҳои фавқулода барои соли 2018 буда, баргузории чунин рӯзҳо то охири моҳи май дар тамоми муассисаҳои таълимии шаҳр дар назар аст.

   Итминон меравад, ки баргузории чорабинии номбурда дар самти баланд гардидани донишу фаҳмиши наврасону ҷавонон мусоидат карда, онҳоро барои ҳолатҳои фавқулода омода месозад.

Миёна: 1.7 (3 votes)
 

Суроғаи мо

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

  кӯчаи Б. Ғафуров №9

Бинои Мақомоти иҷроияи маҳалии ҳокимияти давлатии  шаҳри Бохтар

 

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ

facebook.pngmail.ru.pngyoutube.pngvk.png

 

 

Тамос бо мо

Tel: (83222) 2-23-44

Fax: (83222) 2-49-59

Email: kadrho.qurghonteppa@khatlon.tj

Zircon - This is a contributing Drupal Theme
Design by WeebPal.