ИШТИРОК ВА ТАБРИКОТИ РАИСИ ШАҲРИ БОХТАР АБДУАЛИМ ИСМОИЛЗОДА ДАР НАМОЗИ ИДИ ҚУРБОН

Ба хотири шодбош гуфтани мардуми сарбаланди шаҳри Бохтар гурӯҳи корӣ бо намояндагони мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон, раиси шаҳри Бохтар Абдуалим Исмоилзода, намояндагони мақомоти қутратӣ дар намози иди Қурбон иштирок доштанд. Раиси шаҳр Абдуалим Исмоилзода зимни табрикот изҳор намуд, ки њамдилию њамбастагї, некию накўкорї, њайру саховат, дасти кўмак дароз намудан ба ятимону барљомондагон, њурмату эњтироми њамдигар, тањаммулпазирию имондорї барин хусусиятњои неки инсонӣ дар арафаи чунин идҳои диннию миллӣ аз тарафи мардуми шарафманди тоҷик бештар ба роҳмонда мешавад. Иди Қурбонро дар тамоми кишварњои мусулмонї бо арљгузорї ба дини мубини ислом ва шукўњу шањомати хоса љашн мегиранд. Ин нукта дар суханронии Асосгузори сулњу вањдати миллї - Пешвои миллат, Президенти Љумњурии Тољикистон муњтарам Эмомалї Рањмон дар мулоќот бо намояндагони љомеаи кишвар ифода ёфта буд.

Ба шарофати соњибистиќлолии кишвар ва вањдати миллї имрўз дар кишвари мо озодона ва дар фазои сулњу субот ва руњияи баланд истиќбол гирифтани иду љашнњо ба њукми анъана даромадааст.Мардум дар доираи ањкоми шариат фаризаву вољиботи диниро озодона адо мекунанд ва арзишњои инсондўстонаву хайрхоњонаи онро гиромї медоранд, ки њама самараи зањмату талошњои Асосгузори сулњу вањдати миллї – Пешвои миллат, Президенти Љумњурии Тољикистон муњтарам Эмомалї Рањмон мебошад.

Мардуми шарифи кишвар аз дастовардњои даврони истиќлолият фарањманд буда, ба ќадри соњибистиќлолї мерасанд ва пайи хифзу тањкими ин неъмати худодод мењнати арзандаро ба роњ мондаанд. Мардуми шањри Бохтар низ аз ин бунёдкорию созандагињо дар канор набуда, дар рушду пешрафти кишвар сањми шоиста мегузоранд.

Дар арафаи Иди Қурбон корҳои хайру савоб анҷом дода шуданд. Аз тарафи мақомоти маҳаллӣ, роҳбарони ташкилоту муассиса, корхонаҳо ва шахсони алоҳида ба ниёзмандон кумакҳои пулию молӣ расонида шуд.

Ин рӯзро ба хурду бузурги шаҳр ва кишвар шодбош гуфта, сулҳи комил, якдилии абадӣ ва солимии доимиро барои халқи тоҷику тоҷикистонӣ таманно мекунам.

Ҳеҷ овозе нест
 

Суроғаи мо

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

  кӯчаи Б. Ғафуров №9

Бинои Мақомоти иҷроияи маҳалии ҳокимияти давлатии  шаҳри Бохтар

 

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ

facebook.pngmail.ru.pngyoutube.pngvk.png

 

 

Тамос бо мо

Tel: (83222) 2-23-44

Fax: (83222) 2-49-59

Email: kadrho.qurghonteppa@khatlon.tj

Zircon - This is a contributing Drupal Theme
Design by WeebPal.