Бохтар: РУШДИ САНОАТ

        Рушду нумӯи давлат, таъсис ёфтани ҷойҳои нави корӣ, афзудани иқтидори истеҳсолӣ, ғанӣ гардонидани буҷети кишвар, паст кардани сатҳи камбизоатӣ ба пешравии соҳаи саноат вобаста аст. Аз ин хотир, аз тарафи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо дарназардошти аҳамияти соҳа дар ҳалли масъалаҳои иқтисодиву иҷтимоӣ ва таъсиси ҷойҳои корӣ саноатикунонии босуръати кишвар ҳадафи чоруми миллӣ эълон гардид.

Вобаста бо эълон гардидани саноатикунонии босуръати кишвар-ҳадафи чоруми миллӣ ва омодагиҳо ба таҷлили ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Бохтар мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифтани коргоҳу корхонаҳои истеҳсолӣ ба нақша гирифта шудааст. Бо мақсади зиёд намудани коргоҳу корхонаҳои саноатӣ, инчунин таъсиси ҷойҳои нави корӣ дар шаш моҳи соли 2019-ум 2 адад корхона - ҶДММ «Сафар Фарма» ва ҶДММ «Имрон Бохтар» бо таъсиси 21 ҷойи нави корӣ, ки самти фаъолияташ ба истеҳсоли маҳсулоти доруворӣ ва масолеҳи сохтмонӣ равона шудааст, ба истифода супорида шуд.

Тибқи иттилои манбаъ, дар шаш моҳи соли ҷорӣ ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ дар корхонаҳои шаҳр ба 95,9 млн. сомонӣ расонида шуд, ки ин нишондиҳанда нисбати ҳамин давраи соли гузашта 11,1 млн. сомонӣ ё 113,1 фоиз зиёд мебошад. Ҳамчунин, дар ин давра корхонаҳои ҶСК «Трансформатор», ҶДММ «Ресанда», ҶДММ «Коргоҳи дузандагӣ» ва “Маркази ҳунаромӯзӣ” ба дастовардҳои назаррас ноил гардидаанд.

Мавриди зикр аст, ки корхонаҳои ҶДММ “Кристал-АТТ” ва ҶСП “Равғани Сомонӣ” бо сабаби набудани ашёи хом (пахта ва чигити техникӣ) дар ин давра фаъолият накардаанд.

Ҳеҷ овозе нест
 

Суроғаи мо

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

  кӯчаи Б. Ғафуров №9

Бинои Мақомоти иҷроияи маҳалии ҳокимияти давлатии  шаҳри Бохтар

 

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ

facebook.pngmail.ru.pngyoutube.pngvk.png

 

 

Тамос бо мо

Tel: (83222) 2-23-44

Fax: (83222) 2-49-59

Email: kadrho.qurghonteppa@khatlon.tj

Zircon - This is a contributing Drupal Theme
Design by WeebPal.