Бохтар: ОМОДАГӢ БА ҶАШНИ 30-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИЯТ

Дар доираи омодагиҳо ба таҷлили ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Шаҳри Бохтар корҳои созандагиву бунёдкорӣ бомаром идома дошта, зиёда аз 300 иншооти таъиноташон гуногун ба нақша гирифта шудааст ва дар назар аст.

Тибқи иттилои масъулин, давоми шаш моҳи соли ҷорӣ дар ҳудуди шаҳр 1 адад бинои истиқоматии 6 ошёна, 2 адад биноҳои сеошёна бо ташкили маркази савдо ва хизматрасонӣ, варзишгоҳ бо 4000 ҷои нишаст ва бинои иловагии таълимии 4 ошёнаи Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав ба истифода суприда шуд. Дар арафаи Рӯзи Ваҳдати миллӣ 4 адад гулгаштҳои кӯчаи Борбад, боғи истироҳатии ба номи Р. Мурчаев, майдони Шаҳидон ва 1 адад бинои раиси кумитаи маҳаллаи Маданият мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифт.

Бино ба иттилои бахши меъморӣ ва шаҳрсозии шаҳр корҳои сохтмонӣ ва азнавсозӣ дар 10 адад маконҳои имтироҳативу гулгаштҳо, аз ҷумла Маҷмааи 10-солагии Ваҳдати миллӣ, майдонҳои ба номи А. Рӯдакӣ, ба номи Ҷ. Румӣ, Шаҳидон, майдони Нишони давлатї ва азнавсозии 70 солагии азхудкунии водии Вахш, гулгаштњои кўчаи Борбад, боѓи истироњатии ба номи Р. Мурчаев ва боғчаи истироњатии кўдаконаи “Фирдавс” ба анљом расонида шудааст ва қарор аст, ки ба истифода супорида шаванд.

Миёна: 1 (1 овоз)
 

Суроғаи мо

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

  кӯчаи Б. Ғафуров №9

Бинои Мақомоти иҷроияи маҳалии ҳокимияти давлатии  шаҳри Бохтар

 

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ

facebook.pngmail.ru.pngyoutube.pngvk.png

 

 

Тамос бо мо

Tel: (83222) 2-23-44

Fax: (83222) 2-49-59

Email: kadrho.qurghonteppa@khatlon.tj

Zircon - This is a contributing Drupal Theme
Design by WeebPal.