В Душанбе прошло 46-е заседание Совета руководителей органов безопасности и специальных служб государств-участников Содружества Независимых Государств

ДУШАНБЕ, 22.05.2019. /НИАТ «Ховар»/. 20-22 мая текущего года в городе Душанбе прошло 46-е заседание Совета руководителей органов безопасности и специальных служб государств-участников Содружества Независимых Государств (СОРБ).

В нём участвовали делегации из Азербайджана, Армении, Беларуси, Казахстана, Кыргызстана, России, Таджикистана и Узбекистана. А также руководство Антитеррористического центра государств-участников СНГ.

В ходе данного мероприятия рассмотрены актуальные проблемы борьбы с терроризмом и экстремизмом, другими транснациональными преступлениями.

Участники заседания проинформировали партнёров о национальных проблемах борьбы с терроризмом, обменялись собственным опытом организации противодействия терроризму, предложили пути решения. В частности, Директор ФСБ России Александр Бортников, являющийся председателем Совета, подчеркнул, что взаимодействие спецслужб стран СНГ «позволило в течение года выявить восемь террористических ячеек и задержать более 100 их участников». А.Бортников также отметил, что одним из ключевых направлений сотрудничества спецслужб СНГ является регулярный обмен оперативными данными. Получаемые сведения пополняют международный банк данных по противодействию терроризму, специализированный банк данных Антитеррористического центра СНГ и другие информационные системы коллективного пользования, в связи с тем, что складывающаяся обстановка «требует непрерывного совершенствования совместных действий на антитеррористическом направлении с акцентом на меры упреждающего характера».

Члены СОРБ пришли к соглашению о дополнительных мерах для активизации международного розыска преступников, связанных с терроризмом и экстремизмом, об укреплении сотрудничества специальных служб в проведении оперативно-розыскных операций и мероприятий по предотвращению перемещения боевиков-террористов на территории Содружества Независимых Государств. В ходе заседания обсуждены вопросы информационной безопасности, укрепления сотрудничества в сфере противодействия и профилактики распространения экстремистской идеологии, в том числе посредством Интернет-сети.

В числе других проблем, на 46-м заседании СОРБ рассмотрены вопросы предотвращения использования каналов миграции в террористических целях, противодействия финансированию терроризма, в том числе за счет средств от незаконного оборота наркотиков. Было отмечено, что терроризм продолжает носить глобальный международный характер, адаптируясь к современным условиям, изменяя формы и методы деятельности, расширяя сферу применения в своих целях достижения научно-технического прогресса, в частности средств коммуникации, приобретая всё более изощренный характер. В этой связи, участники заседания высказали заинтересованность в дальнейшей консолидации усилий для реализации и активизации комплекса мер по нейтрализации этой опасности. Представители делегаций единодушны во мнении о необходимости принятия совместных усилий в пресечении каналов финансирования терроризма, в особенности главного источника его финансирования — наркобизнес, который превратился в силу, обладающую огромным финансовым и техническим потенциалом, представляющую серьёзную угрозу международной безопасности. Также была поднята тема использования каналов миграции в целях вербовки и переправки боевиков в третьи страны и обратно.

Участники заседания единодушно отметили, что Таджикистан занимает твёрдую позицию в борьбе с терроризмом, экстремизмом и организованной преступностью. Для проведения 46-го заседания СОРБ в столице Республики Таджикистан были созданы все необходимые условия, что позволило всесторонне обсудить вопросы повестки дня.

По итогам 46-го заседания СОРБ подписан ряд документов об укреплении и расширении партнёрского взаимодействия, объединении общих усилий спецслужб стран СНГ в противодействии реальным угрозам безопасности.

https://youtu.be/j5l4QmDR9LU

А. Исмоилзода: "Ягон арзу матлаби шаҳрвандон набояд бидуни баррасӣ монад"

Бо мақсади таъмин намудани иҷрои талаботи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиати шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» дар мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳри Бохтар қабули шаҳрвандон мувофиқи матлаб ба роҳ монда шудааст. Дар ин асос қабули шаҳрвандон аз тарафи раиси шаҳр, муовинони раис ва роҳбари дастгоҳ мунтазам барпо мегардад. Раиси шаҳри Бохтар Абдуалим Исмоилзода ҳар рӯзи шанбе қабули шаҳрвандонро доир мекунад, ки ба пуррагӣ муроҷиати шаҳрвандон шунида мешавад ва дар ҳалли мушкилоти онҳо мувофиқи имконияти мавҷуда мусоидат мекунанд.

Мудири шуъбаи умумӣ, назорат ва муроҷиати шаҳрвандони дастгоҳи раиси шаҳр Баҳодур Сабуров изҳор дошт, ки дар шаш моҳи соли 2019 ба шуъбаи мазкур 832 муроҷиати шаҳрвандон ба таври хаттӣ ворид гардид, ки нисбати ҳамин давраи соли гузашта 39 муроҷиат кам мебошад. Аз ин теъдод 318 муроҷиат ба Кумитаи идораи замин, 38 адад ба бахши сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ, 50 мактуб ба бахши дин, танзими анъана ва ҷашну маросими миллӣ, 99 ададаш ба шуъбаи меъморӣ ва шаҳрсозӣ, 81-тоаш ба шуъбаи умумӣ, назорат ва муроҷиати шаҳрвандон, 4 ададаш ба шуъбаи ҳифзи муҳити зист, 28-тоаш ба Раёсати молия, 8 мактуб ба ҳуқуқшиноси дастгоҳ, 44-тоаш ба бахши Хадамоти муҳоҷират, 56-тоаш ба бахши ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, 13 ададаш ба бахши кор бо занон ва оила, 9 муроҷиат ба бахши коммуналӣ ва манзилӣ, 1 мактуб ба КДФ истеҳсолии таъмиру истифодабарии манзилгоҳҳо, 1 номаи дигараш ба Муассисаи ниҳолпарварӣ ва кабудизоркунии «Боғбунёд» ва амсоли ин ба дигар ташкилоту муассисаҳои шаҳр равона гардидаанд.

Б. Сабуров илова кард, ки давоми шаш моҳи соли ҷорӣ дар қабули шаҳрвандон аз тарафи раиси шаҳр 146 нафар иштирок ва арзи матлаб намудаанд. Шаҳрвандон асосан оид ба мушкилоти хонаводагӣ, норасоии иқтисодӣ, ҳуҷҷатгузории амвол, батартибдарории ҳуҷҷатҳои замини наздиҳавлигӣ ва дигар масъалаҳо муроҷиат кардаанд. Барои бо истифода аз имкониятҳои мавҷуда ҳаллу фасл кардани арзу дархости шаҳрвандон раиси шаҳр муовинони худ, роҳбари дастгоҳ, роҳбарони ташкилоту муассисаҳо ва дигар масъулонро вазифадор намуд. Баҳри назорат ва иҷрои супоришҳо гурӯҳи корӣ масъул гардида, аз раванди иҷрои дастуру супоришҳои раиси шаҳр оид ба мусоидат дар ҳалли мушкилоти шаҳрвандон ҳисобот медиҳанд.

Ёдовар бояд гардид, ки дар қабули шаҳрвандон аз тарафи раиси шаҳри Бохтар Абдуалим Исмоилзода дар қатори дигар муроҷиаткунандагон истиқоматкунандагони кӯчаи ба номи Умари Хайём, маҳаллаи Ҷаъфар Абдуллоеви шаҳри Бохтар Холов Барот ва Холова Саломат, ки ҳарду ба синни 78 расидаанд, дар қабули шаҳрвандон иштирок карданд. Номбурдагон давоми чандин соли зиндагии якҷояашон тавонистанд, ки дар корҳои ҷамъиятӣ пешсафӣ нишон дода, аз фаъолони маҳалла маҳсуб меёбанд. Дар суҳбат бобои Барот изҳор дошт, ки маротибаи сеюм дар қабули раиси шаҳр ширкат мекунад.

- Агар ду маротиба барои мусоидат дар ҳалли мушкилиҳоям муроҷиат карда бошам, ин навбат барои раҳмат гуфтан ва дуои нек додан ба қабули раис омадем, - зикр намуд ӯ. - Зеро одам бо дуо месабзад. Ба мо - оилаҳои камбизоат новобаста ба ҷашну маросимҳо мунтазам кумакҳои пуливу модӣ мерасонанд, ки ин моро хурсанду рӯҳбаланд ба зиндагӣ мекунад. Имрӯз низ мувофиқ ба мушоҳидаам нафарони зиёде барои муроҷиат омаданд ва раиси муҳтарам Абдуалим Исмоилзода муовинони худ ва роҳбарони ташкилоту муассисаҳои шаҳриро баҳри ҳалли мушкилоти сокинон масъул гардонид. Мо хурсандем ва шукрона аз тинҷиву осоиштагии меҳан, шукрона аз Роҳбари хирадманди давлат, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон менамоем. Зеро маҳз сиёсати оқилонаи ин марди бузург аст, ки маъюбону барҷомонагон, ятимону камбизоатон ҳаргиз худро танҳо эҳсос намекунанд ва пайваста дастгирӣ меёбанд.

Барот Холов ҳамчунин илова кард, ки чун Роҳбари олии кишвар дар яке аз баромадҳояшон қайд карданд, мо бояд шукр карданро омӯзем ва шукрона кунем, ки чун ватани маҳбуб дорем. Бояд касе бошем, дар куҷое бошем, шукрона кунем, ки мардуми тоҷик тинҷу осуда аст, ҳама якдилу иттифоқем ва чунин Роҳбари давлат дорем.

Ба иттилои Баҳодур Сабуров, давоми шаш моҳи сипаригардида муовини аввали раиси шаҳр 35 нафар, дигар муовинон 62 нафар ва роҳбари дастгоҳи раиси шаҳр 48 нафар шаҳрвандонро дар асоси Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиати шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» қабул намуданд. Мувофиқ ба имкониятҳои мавҷуда муроҷиати онҳо қонеъ карда шуд.

Ҳеҷ овозе нест
 

Суроғаи мо

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

  кӯчаи Б. Ғафуров №9

Бинои Мақомоти иҷроияи маҳалии ҳокимияти давлатии  шаҳри Бохтар

 

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ

facebook.pngmail.ru.pngyoutube.pngvk.png

 

 

Тамос бо мо

Tel: (83222) 2-23-44

Fax: (83222) 2-49-59

Email: kadrho.qurghonteppa@khatlon.tj

Zircon - This is a contributing Drupal Theme
Design by WeebPal.