Бохтар: НИШАСТИ ХАБАРӢ ВА ҶАМЪБАСТИ ОЗМУНИ «Беҳтарин маводи журналистӣ»

        Нишасти хабарии раиси шаҳри Бохтар Абдуалим Исмоилзода бо иштироки зиёда аз 43 нафар намояндагони расонаҳои хабарӣ баргузор гардид. Раиси шаҳр ба рӯзноманигорон барои ҳамкорӣ изҳори миннатдорӣ кард ва ғолибони озмуни «Беҳтарин маводи журналистӣ»-ро қадрдонӣ намуд. Инчунин аз баргузории фасли дуюми озмуни мазкур дар соли 2020 хабар дод.

Бо мақсади иҷои Амри Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз 15 сентябри соли 2011 таҳти № (АП) 1729 ва бо назардошти нақшаи ташкил ва гузаронидани нишастҳои матбуотӣ бо раисони шаҳру ноҳияҳои вилоят нишасти матбуотии раиси шаҳри Бохтар Абдуалим Исмоилзода баргузор мегардад.

Дар нишасти хабарӣ намояндагони воситаҳои ахбори оммаи ҷумҳуриявӣ, вилоятӣ ва шаҳрӣ ширкат намуданд. Инчунин мудирони шуъбаю бахшҳои Дастгоҳи раиси шаҳр ва мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳр, роҳбарони ташкилоту муассисаҳои дахлдор ҳузур доштанд.

Раиси шаҳри Бохтар Абдуалим Исмоилзода изҳор дошт, ки меҳнаткашони шаҳри Бохтар баҳри иҷрои амру фармон, қарору фармоишҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ҷиҳати иҷрои дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бобати беҳбудии зисту зиндагии сокинони шаҳр дар ҳама соҳаҳои хоҷагии халқ, диловарона меҳнат намуда истодаанд.

Дар натиҷаи иҷрои супориш ва дастурҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, раиси вилояти Хатлон ва дар амал татбиқ намудани сиёсати пешгирифтаи Ҳукумати Ҷумҳурӣ дар соҳаҳои хоҷагии халқи шаҳр дар нимсолаи якуми соли 2019 нишондиҳандаҳои истеҳсолию иқтисодӣ афзоиш ёфтаанд.

Пас аз ҳисоботи раиси шаҳр Абдуалим Исмоилзода суолу ҷавоб доир гардид. Рӯзноманигорон вобаста ба як қатор масъалаҳои мубрами рӯз суолҳо пешниҳод карда ҷавобҳои қаноатбахш гирифтанд. Махсусан масъалаҳои вазъи паспартовҳо, хизматрасонии нақлиётӣ ва амсоли ин мавриди таваҷҷуҳи хабарнигорон қарор гирифт.

Дар қисмати дигари нишасти матбуотӣ маросими ҷоизасупорӣ ба ғолибони озмуни «Беҳтарин маводи журналистӣ», ки бахшида ба 30 – солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳри Бохтар миёни намояндагони расонаҳои хабарӣ эълон намуда буд, баргузор гардид.

Оид ба вазъи баргузории озмун, муайянкунии ғолибони озмун, пешниҳоди маводҳои журналистӣ, пайгирии мавзӯъҳо аз тарафи рӯзноманигорон ва нозукиҳои озмун муовини раиси шаҳр Шоиста Абдуназарзода баромад кард. Гуфта шуд, ки аз 25 маводи ба озмун пешниҳодгардида ҳамагӣ 9 мавод аз рӯи чор номинатсия ғолиб дониста шуданд.

  1. Номинатсияи «Беҳтарин маводи телевизионӣ»:

Намояндаи ТВ Тоҷикистон, Абдурозиқ Азизов ва намояндаи ТВ Сафина Қурбоналӣ Қурбонов бо Дипломи дараҷаи 1 ва туҳфаи пулӣ қадрдонӣ гардиданд. Инчунин намояндаи ТВ Хатлон Зеваршо Ғозиев бо Дипломи дараҷаи 2 қадрдонӣ карда шуд. намояндаи ТВ Ҷаҳоннамо Манучеҳр Камолов бо Дипломи дараҷаи 3 мукофотонида шуд.

  1. Номинатсияи «Беҳтарин маводи радиоӣ»:

    Намояндаи радиои Тоҷикистон Маҳмадалӣ Акрамов бо Дипломи дараҷаи 1 қадрдонӣ гардид.

  2. Номинатсияи «Беҳтарин маводи чопӣ»:

    Намояндаи рӯзномаи СССР Баҳодур Уроқов бо Дипломи дараҷаи 1, намояндаи рӯзномаи Ҷумҳурият Зокир Ҳасан бо Дипломи дараҷаи 2 ва намояндаи рӯзномаи Пайк Аҳмадҷон Раҳимзода бо Дипломи дараҷаи 3 қадрдонӣ карда шуданд.

  3. Номинатсияи «Беҳтарин маводи электронӣ»

    Намояндаи рӯзномаи Фараж Раҳмоналӣ Додархуҷаев бо дипломи дараҷаи 1 сарфароз гардонида шуд.

Дар қисмати охир раиси шаҳри Бохтар Абдуалим Исмоилзода изҳор дошт, ки дар ин самт қадами аввалро гузоштем ва барои соли 2020 боз фасли дуюми озмуни «Беҳтарин маводи журналистӣ» баргузор мегардад. Ҳамаи намояндагони расонаҳои хабариро барои иштирок дар озмун даъват менамоем. Низомнома ва маълумот оид ба озмун пешниҳод хоҳад гашт. Дар фасли дуюми озмун туҳфаҳои пулӣ бештар ба нақша гирифта шудааст ва ғолибон боз ҳам хубтар қадрдонӣ хоҳанд гашт.

Ҳеҷ овозе нест
 

Суроғаи мо

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

  кӯчаи Б. Ғафуров №9

Бинои Мақомоти иҷроияи маҳалии ҳокимияти давлатии  шаҳри Бохтар

 

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ

facebook.pngmail.ru.pngyoutube.pngvk.png

 

 

Тамос бо мо

Tel: (83222) 2-23-44

Fax: (83222) 2-49-59

Email: kadrho.qurghonteppa@khatlon.tj

Zircon - This is a contributing Drupal Theme
Design by WeebPal.