КӮЗАҲОИ ПАЙДОШУДАИ ДАВРАҲОИ ЁДГОРИИ ЮНОНУ БОХТАР, АСРИ 3 ВА ДУИ ПЕШ АЗ МЕЛОД

    Чуноне дар нашрҳои паш иттилоъ дода будем, Шамсиддин Ҷалолов, сокини 33 солаи кӯчаи Баҳори шаҳри Бохтар хумҳоеро зимни кандани чоҳ дар ҳавлии хеш пайдо намуда буд. Вобаста ба ин бостоншиносон ва дигар масъулон аз бахши фарҳанг кор бурда, ба кадом аср мансуб буданашро аниқ карданд.   

   Имрӯз низ бо мақсади дақиқтар кардани масъалаи мазкур бо чанде аз масъулон, коршиносон, DSC_0081.JPGбостоншиносон суҳбат намудем. Махсусан назарҳои худро бостоншинос Нуриддин Сайфуллоев ва Шарофиддин Қурбонов, номзади илмҳои таърих, инчунин Шералӣ Қосимов мудири бахши фарҳанги шаҳри Бохтар.     

   Шарофиддин Қурбонов, номзади илмҳои таърих, ки кӯзаҳои пайдошудаи шаҳри Бохтаро дида гуфт, ки ба давраҳои ёдгори ба Юнону Бохтар, асри 3 ва дуи пеш аз мелот рост меояд. Ӯ илова кард, ки мардум паирави Зардушт буданд ба он бовар мекарданд, ки ҷасад заминро ифлос мекунад ва ба ин хотир ҷасадро дар хумҳо мегузоштаанд: " Дар кӯчаи Баҳори шаҳри Бохтар хумҳои пайдошударо дидем ва санҷиш, кори бостоншиноси гузаронидем, ки маълум шуд ба асри ду сеи пеш аз мелод аст, сохтмон карда аз зери девор пайдо шудааст, дар ҳақиқат аз замони Юнону Бохтар аст, ки то асри 4 мелоди рост омад. Ин қабрҳо дар Панҷакенти қадим низ мавҷуд буд."

     Хумҳои мазкур бештар аз як метр баланди доштаанд. Хумҳо аз сӯи гурӯҳи бостоншиносон ба Душанбе бурда шудааст. Шералӣ Қосим мудири бахши фарҳанги шаҳр гуфт дар ин шаҳр соли 1998 вақте, ки муҷасамаи асосгузори давлати Тоҷиконро мегузоштаанд ба ин монанд хумҳо дохилашон косахонаҳои сари инсондошта пайдо шуда буд, ки бештари онҳо шикаста нобуд шудаанд.

Миёна: 5 (4 votes)
 

Суроғаи мо

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

  кӯчаи Б. Ғафуров №9

Бинои Мақомоти иҷроияи маҳалии ҳокимияти давлатии  шаҳри Бохтар

 

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ

facebook.pngmail.ru.pngyoutube.pngvk.png

 

 

Тамос бо мо

Tel: (83222) 2-23-44

Fax: (83222) 2-49-59

Email: kadrho.qurghonteppa@khatlon.tj

Zircon - This is a contributing Drupal Theme
Design by WeebPal.