Бохтар: ТАМРИНИ СИТОДИ МУДОФИАИ ГРАЖДАНӢ

Тамрини ситоди мудофиаи гражданӣ дар бозори «Фаровон - Бохтар» бо ташаббуси бахши Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Бохтар тибқи супориши протоколии раиси шаҳр Абдуалим Исмоилзода гузаронида шуд.

Ин тамрин дарякҷоягӣ бо қисми мустақили 21 –уми ҳарбикунонидашудаи Хадамоти давлатии оташнишонии шаҳри Бохтар дар Бозори «Фаровон - Бохтар» оид ба масъалаҳои мудофиаи гражданӣ, эътино, пешгирӣ ва рафъи оқибатҳои ҳолатҳои фавқулода барои соли 2019 баргузор гардид. Бонги эълони ҷамъшавӣ рӯзи 25 – уми июли соли 2019 соати 18:00 аз тарафи масъулини бахши Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании шаҳр эълон шуд. Дар ин тамрини ситоди мудофиаи гражданӣ 22 нафар иштирок дошта, 2 мошини оташхомушкунак як адад аз ҳисоби бозор ва як адади дигар аз ҳисоби қисми мустақили 21 –уми ҳарбикунонидашудаи Хадамоти давлатии оташнишонӣ дар шаҳри Бохтар мавриди истифода қарор гирифт. Сипас, ҷамъомад баргузор шуда, хусуси ҳадафи ташкили тамрин масъулин табодули афкор намуданд. Дар бозори мазкур тамрини номбурда мувофиқи матлаб ва дар сатҳи баланд баргузор гардид.

Ҳеҷ овозе нест
 

Суроғаи мо

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

  кӯчаи Б. Ғафуров №9

Бинои Мақомоти иҷроияи маҳалии ҳокимияти давлатии  шаҳри Бохтар

 

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ

facebook.pngmail.ru.pngyoutube.pngvk.png

 

 

Тамос бо мо

Tel: (83222) 2-23-44

Fax: (83222) 2-49-59

Email: kadrho.qurghonteppa@khatlon.tj

Zircon - This is a contributing Drupal Theme
Design by WeebPal.