БОХТАР. БЕШ АЗ 70 КМ РОҲ АЗНАВСОЗӢ ШУДААСТ

Дар тавозуни шаҳр беш аз 133,3 км роҳҳо мавҷуд мебошад, ки давоми 10 соли охир 74 километри он азнавсозӣ карда шудааст.

Бино ба иттилои манбаъ, марҳимаи сеюми лоиҳаи тармиму таҷдиди роҳҳои дохилишаҳрии Ширкати сохтмонии “Чайна Роуд”-и Ҷумҳурии Халқии Хитой соли 2019 оғоз гардида, вобаста ба он банақшагирии таъмир ва таҷдиди 12 км роҳҳо, азнавсозии 1 адад купрук ва таъмири 2 адад купрук, инчунин барои нигоҳдории роҳҳо дар доираи лоиҳаи мазкур харидорӣ намудани техникаҳои махсус ба маблағи 1,6 млн. сомонӣ дар назар аст.

Ҳамчунин, гуфта шуд, ки бо мақсади дар ҳолати нигоҳдории роҳҳо ва бехатарии ҳаракат дар роҳҳо аз ҳисоби соҳибкорон ба дарозии 1,3 км сангфарш ва аз ҳисоби муассисаи ногоҳдории роҳҳо 340 метр роҳ асфалтпӯш карда шудааст. Маблағгузории муассиса 344,1 ҳазор сомонӣ ва хароҷоти маблағҳои соҳибкорон 20 ҳазор сомониро ташкил медиҳад.

Ҳеҷ овозе нест
 

Суроғаи мо

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

  кӯчаи Б. Ғафуров №9

Бинои Мақомоти иҷроияи маҳалии ҳокимияти давлатии  шаҳри Бохтар

 

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ

facebook.pngmail.ru.pngyoutube.pngvk.png

 

 

Тамос бо мо

Tel: (83222) 2-23-44

Fax: (83222) 2-49-59

Email: kadrho.qurghonteppa@khatlon.tj

Zircon - This is a contributing Drupal Theme
Design by WeebPal.