Бохтар: СОҲИБКОРӢ РУШД МЕЁБАД

Дар ҳудуди шаҳри Бохтар тариқи «Равзанаи ягона» 5485 адад субъектҳои соҳибкорӣ фаъолият доранд. Дар нимсолаи аввали соли ҷорӣ дар Нозироти андози шаҳр 10 адад ташкилоту корхонаи шахсони ҳуқуқӣ, 62 нафар соҳибкорони инфиродии бо шаҳодатнома фаъолияткунанда ва бо патент бошад 185 нафар бо таъсиси 444 ҷойи корӣ ба қайд гирифта шудааст.

Бино ба иттилои манбаъ, бо мақсади дастгирии соҳибкории хурду миёна лоиҳаҳои инвеститсионии ҶДММ “Ифтихор - Д” дар ҳаҷми 2,7 млн. сомонӣ, дар самти эълон гардидани солҳои 2019-2021 соли рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ дар ҳаҷми 1,2 млн. сомонӣ ва лоиҳаи инвеститсионӣ оид ба бунёди гармхонаҳои доимоамалкунанда ба маблағи 200 ҳазор, барои ташкили сехи дӯзандагӣ ба маблағи 200 ҳазор сомонӣ, оид ба харидорӣ намудани таҷҳизоти дӯзандагӣ ба маблағи 80 ҳазор сомонӣ ба Муассисаи давлатии «Фонди дастгирии соҳибкорӣ» назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон равона карда шуда, мавриди баррасӣ қарор дорад.

Ҳамчунин, иттилоъ дода шуд, ки арзиши умумии Барномаи рушди иҷтимоию иқтисодии шаҳр барои солҳои 2016-2020-ум ба 1 млрд. 252,1 млн. сомонӣ рост меояд, ки 76 лоиҳаро дар бар мегирад. Маблағгузории Барнома аз ҳисоби буҷети ҷумҳуриявӣ 37,5 млн. сомонӣ, буҷети вилоят 57,1 млн. сомонӣ, буҷети маҳаллӣ 197,8 млн. сомонӣ, сармояи хориҷӣ 199,6 млн. сомонӣ ва аз ҳисоби маблағҳои худӣ 881,2 млн. сомонӣ пешбинӣ гардидааст.

Ҳеҷ овозе нест
 

Суроғаи мо

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

  кӯчаи Б. Ғафуров №9

Бинои Мақомоти иҷроияи маҳалии ҳокимияти давлатии  шаҳри Бохтар

 

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ

facebook.pngmail.ru.pngyoutube.pngvk.png

 

 

Тамос бо мо

Tel: (83222) 2-23-44

Fax: (83222) 2-49-59

Email: kadrho.qurghonteppa@khatlon.tj

Zircon - This is a contributing Drupal Theme
Design by WeebPal.