РАИСОНИ ПЕШСАФ БО МУКОФОТ ҚАДРДОНӢ ШУДАНД

    Имрӯз дар толори мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳри Бохтар чанде аз раисони маҳаллаҳои шаҳр барои фаъолӣ, пешсафӣ, саҳми арзанда дар ободониву кабудизоркунӣ, иштироки фаъолона дар корҳои ҷамъиятӣ бо мукофоти раиси шаҳри Бохтар қадрдонӣ карда шуданд.

    Нақши раисони маҳаллаҳо дар ободониву кабудизоркунӣ, тозагӣ, ҷалби сокинон ба корҳои ҷамъиятӣ,DSC_0176.JPG баргузории чорабиниҳои бошукӯҳ назаррас мебошад. Махсусан дар чорабиниҳое, ки ҳамарӯза баргузор гардида истодаанд, раисони маҳаллаҳо саҳми арзандаи худро бо хубӣ гузошта истодаанд.

   Итминон меравад, ки қадрдонӣ кардани чунин пешсафон метавонад онҳоро руҳбаланду ҳавасманд гардонад. Боварӣ ҳаст, ки нафарони қадрдонӣ гардида барои дигарон панд мегарданд ва ҳамаи раисони маҳаллаҳо боз ҳам самти тарғиби сиёсати давлатӣ, ободониву пешрафти маркази вилояти Хатлон хубтар саҳмгузорӣ намуда, ба боварии мардум ва раиси шаҳр сазовор мемонанд.     

Миёна: 1 (1 овоз)
 

Суроғаи мо

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

  кӯчаи Б. Ғафуров №9

Бинои Мақомоти иҷроияи маҳалии ҳокимияти давлатии  шаҳри Бохтар

 

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ

facebook.pngmail.ru.pngyoutube.pngvk.png

 

 

Тамос бо мо

Tel: (83222) 2-23-44

Fax: (83222) 2-49-59

Email: kadrho.qurghonteppa@khatlon.tj

Zircon - This is a contributing Drupal Theme
Design by WeebPal.