Бохтар: ТАШРИФИ ГУРӮҲИ КОРИИ ШАҲРИ КӮЛОБ БА ШАҲРИ БОХТАР ТИБҚИ АМРИ РАИСИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН

Меҳмононро бо шеъру сухан, рақсу мусиқӣ ва гулу гулдастаҳо истиқбол карданд. Дар қабули меҳмонон намояндаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят, раиси шаҳр Абдуалим Исмоилзода, роҳбарони ташкилоту муассиса, раисони маҳалла ва дигар фаъолон иштирок доштанд.

Сипас, дар толори хурди мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳр ҷамъомад доир гардид. Раиси шаҳри Бохтар Абдуалим2_9.jpg Исмоилзода меҳмононро ба маркази вилоят хайрамақдам гуфта, оид ба ҳадафи асосии ташрифи онҳо ва таъмири мусбии санҷиши байниҳамдигарии шаҳру ноҳияҳо ҳарф зад. А. Исмоилзода гуфт, ки чанде пеш дар ҳамин шакл гурӯҳи кории мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳри Бохтар ба шаҳри Кӯлоб сафар намуда буд. Дар натиҷа табодули таҷриба намуда, аз раванди корҳои шаҳри Кӯлоб шинос шуданд. Имрӯз бошад аз шаҳри Кӯлоб бо корбарии ташкилоту муассисаҳои шаҳри Бохтар ошно хоҳанд гашт. Намояндаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят ва шаҳри Кӯлоб суханронӣ карданд. Ин ҷо аз Амри раиси вилояти Хатлон ёдоварӣ гардид. гурӯҳи кории мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Кӯлоб ба гурӯҳҳо ҷудо гардида, мутахассисон ба соҳаҳои гуногун сафарбар гардиданд. Намояндагони мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Бохтар ва роҳбарони ташкилоту муассисаҳо онҳоро роҳбаладӣ ва ҳамраҳӣ карданд.

Гурӯҳҳои корӣ то нисфирӯзӣ аз ҳамаи соҳаҳои хоҷагии халқи шаҳр, рафти омодагӣ ба 30 – солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар масъалаҳои муҳим шинос гардида, таҳлилҳо намуданд.

Дар толори маҷлисии мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳр ҷамлиси ҷамбастии гурӯҳи корӣ доир гардид. Аъзоёни гурӯҳи корӣ оид ба таҳлилу мушоҳидаҳои худ баромад карданд. Баромадкунандагон аз дастоварду муваффақият, пешравиҳо ва камбудию норасоиҳо дар шаҳри Бохтар ёдовар гардиданд. Раиси шаҳри Бохтар Абдуалим Исмоилзода изҳор дошт, ки ин табодули таҷриба ва омӯзиши кори якдигар, изҳори норасоиҳо дар пешрафти кор, вазифаву уҳдадориҳои кормандон мусоидат хоҳад кард.

Дар қисмати охир меҳмононро бо туҳфаҳои хотиравӣ қадрдонӣ намуданд.

Ҳеҷ овозе нест
 

Суроғаи мо

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

  кӯчаи Б. Ғафуров №9

Бинои Мақомоти иҷроияи маҳалии ҳокимияти давлатии  шаҳри Бохтар

 

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ

facebook.pngmail.ru.pngyoutube.pngvk.png

 

 

Тамос бо мо

Tel: (83222) 2-23-44

Fax: (83222) 2-49-59

Email: kadrho.qurghonteppa@khatlon.tj

Zircon - This is a contributing Drupal Theme
Design by WeebPal.