Бохтар: САНҶИШИ БАЙНИҲАМДИГАРИИ ШАҲРУ НОҲИЯҲО

Ба хотири иҷрои Амри раиси вилояти Хатлон «Дар бораи санҷиши байниҳамдигарии шаҳру ноҳияҳо» гурӯҳи роҳбарони ташкилоту муассисаҳои шаҳри Бохтар бо роҳбарии муовини раиси вилоят Махфират Хидирзода ва раиси шаҳр Абдуалим Исмоилзода ба шаҳри Кӯлоб сафар намуданд.

Ёдовар бояд гардид, ки тибқи Амри раиси вилояти Хатлон Ҳакимзода Қурбон роҳбарони ташкилоту идораҳо бо роҳбарони раисони шахру ноҳияҳо санҷиши байниҳамдигарӣ гузаронида, аз кору фаъолияти якдигар боздид ва ба рафти корҳо баҳогузорӣ менамоянд. Бо мақсади аз наздик ошноӣ пайдо намудан бо бурду бохти ташкилоту муассисаҳои шаҳри Кӯлоб гурӯҳи корӣ аз шаҳри Бохтар ба шаҳри Кӯлоб сафарбар шуданд. Гурӯҳи кориро аз даромадгоҳи шаҳри Кӯлоб пешвоз гирифтанд. Сипас гулдухтарони пешсафи шаҳр вохӯрии муовини раиси вилоят баргузор гардид. Барои сазовор пешвоз гирифтани 30 – солагии ИстиқҶумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Кӯлоб корҳои созандагию бунёдкорӣ ҷараён дорад. Раиси шаҳри Бохтар бо ҳамкроҳии раиси шаҳри Кӯлоб аз рафти корҳои сохтмонӣ ва таъмиру азнавсозии иншооти ҷашнӣ дадин намуда, ба сифати кори кормандони соҳа баҳои хуб доданд. Роҳбарони ташкилоту муасиса ва корхонаҳои шаҳри Бохтар аз фаъолияти ташкилоту муассисаҳои шахри Кӯлоб дидан карданд. Дар соҳаи хизматрасонии тиббӣ дар муассисаҳои соҳаи тандурустӣ гурӯҳи корӣ ба ҳолати физикавии биноҳои соҳа, вазъи санитарӣ, интизоми меҳнат дар муассисаҳои соҳа, вазъи хизматрасонии тиббӣ ба аҳолӣ, вазъи гирифтории аҳолӣ ба бемориҳои сироятӣ, шиору навиштаҷот ҷиҳати сазовор истиқбол гирифтани 30 – солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Точикистон таваҷҷуҳ намуданд. Дар соҳаи маориф бошад ба вазъи дастовардҳо, донишазхудкунии хонандагон, иштирок дар озмуну олимпиадаҳои ҷумҳуриявию байналмилалӣ, маблағгузории муассисаҳои таълимӣ аз ҳисоби мақомоти маҳалл ӣ, кумитаи падару модарон, сарпарастон оид ба таъмири муассиса, сохтмони синфхонаҳои иловагӣ дар назди муассисаҳои таълимӣ диққат доданд.

Баъди анҷом ёфтани кори гурӯҳи корӣ ва ошно шуданаш бо пешрафти соҳоти мухталифи шаҳри Кӯлоб дар толори мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳр ҷамъомад баргузор гардид. Аъзои гурӯҳи корӣ аз мушоҳида ва таҳлилҳои худ баромад карданд. Раиси шаҳри Бохтар Абдуалим Исмоилзода изҳор дошт, ки бо мақсади омӯзиши таҷрибаи пешқадам, санҷиши байниҳамдигарии шаҳру ноҳияҳо оид ба соҳаҳои мухталифи хоҷагии халқи шаҳру ноҳияҳои вилоят ва таҳлили вазъу ҳолати омодагии ҳамаҷониба ба ҷашни 30 – солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, вусъат бахшидани корҳои ободонию созандагӣ сафари гурӯҳи роҳбарони ташкилоту муассисаҳо ба шаҳри Кӯлоб ташкил гардид. Баромадкунандагон изҳор доштанд, ки соҳаи кишоварзӣ, тандурустӣ, бахши фарҳанг ва шуъбаи маориф фаъолияти хуб доранд. Аммо дар фаъолияти баъзе аз ташкилоту муассисаҳо камбудию норасоиҳо қисман ба чашм мерасад.

Қосим Мусоев, сардори хоҷагии манзилию коммуналии шаҳри Бохтар зимни баромад гуфт, ки дар шаҳри Кӯлоб барои беҳсозии фаъолияти Идораи хоҷагии манзилию коммуналӣ техникаи корӣ нокифоягӣ мекунад.

Дар охири ҷамъомад муовини раиси вилоят Махфират Хидирзода оид ба фаъолияти гурӯҳи корӣ ва кори ташкилоту муассисаҳо, омодагии шаҳри Кӯлоб ба истиқболи 30 –солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон табодули афкор намуд. Изҳор дошт, ки таҳлил ва баҳогузории намояндагони гурӯҳҳо дар пешрафти кори ташкилоту муассисаҳо ва азбайнравии камбудию норасоиҳо мусоидат менамоянд.

Табодули таҷриба ва санҷиши байниҳамдигарии дигар шаҳру навоҳии вилояти Хатлон идома дорад.

Ҳеҷ овозе нест
 

Суроғаи мо

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

  кӯчаи Б. Ғафуров №9

Бинои Мақомоти иҷроияи маҳалии ҳокимияти давлатии  шаҳри Бохтар

 

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ

facebook.pngmail.ru.pngyoutube.pngvk.png

 

 

Тамос бо мо

Tel: (83222) 2-23-44

Fax: (83222) 2-49-59

Email: kadrho.qurghonteppa@khatlon.tj

Zircon - This is a contributing Drupal Theme
Design by WeebPal.