Бохтар: Саидпошо Қаҳорова: «РОҲРО АЗ ҲИСОБИ МАБЛАҒИ САФАРИ ҲАҶ ТАЪМИР МЕКУНЕМ»

Дар кӯчаи Абдусалом Қаҳорови маҳаллаи Сарчашмаи шаҳри Бохтар бо ташаббуси зани 86 сола, момаи Саидподшо 1,5 км роҳ таъмир шуда истодааст. Момаи Саидпошо Қаҳҳорова як маротиба зиёрати хонаи Худоро дошт ва дафъаи дуюм фарзандон барои сафари Ҳаҷ барояш маблағи муайяне ҷудо намудаанд. Саидпошо Қаҳорова бо дастгирӣ аз сиёсати хирадмандона ва роҳнамоиҳои Пешвои миллат тасмим гирифт, ки маблағи сафари Ҳаҷро дар таъмири роҳи ҷойи истиқоматаш харҷ намояд. Ин тасмими модарро фарзандон дастгирӣ карданд ва имрӯз алакай дар ин росто корро шурӯъ намудаанд. Истиқоматкунандагони кӯчаи А. Қаҳоровро шоди фарогир аст. Зеро солҳои тулонист, к ибо сабаби вайронии роҳ мушкилӣ доштанд. Дар оғози кори таъмири роҳ роҳбари дастгоҳи раиси шаҳр Ҷумъахон Меҳмондӯстзода, раиси кумитаи маҳали назди мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳр Ҳаким Ишмуродов, намояндагони расонаҳои хабарӣ, истиқоматкунандагони маҳаллаи Сарчашма иштирок намуданд. Ҷ. Меҳмондӯстзода бо момаи Саидпошо ва фарзандонаш вохӯрда барои кори хайр ва тасмими хайрхоҳона аз номи раиси шаҳр изҳори миннатдорӣ кард. Илова нумуд, ки дар ҳақиқат ин амали момаи Саидпошо намунавӣ буда, дили ҳазорон нафарро шод гардонид.

Ҳеҷ овозе нест
 

Суроғаи мо

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

  кӯчаи Б. Ғафуров №9

Бинои Мақомоти иҷроияи маҳалии ҳокимияти давлатии  шаҳри Бохтар

 

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ

facebook.pngmail.ru.pngyoutube.pngvk.png

 

 

Тамос бо мо

Tel: (83222) 2-23-44

Fax: (83222) 2-49-59

Email: kadrho.qurghonteppa@khatlon.tj

Zircon - This is a contributing Drupal Theme
Design by WeebPal.