ШӮРОИ КОМИССИЯИ ТАТБИҚИ ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН «ДАР БОРАИ ЗАБОНИ ДАВЛАТӢ»

Дар мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳри Бохтар Шӯрои комиссияи татбиқи қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи забони давлатӣ» бо иштироки муовини раиси шаҳр Шоиста Абдуназарзода ва дигар аъзои комисся гузаронида шуд.

Нахуст Ш. Абдуназарзода суханронӣ карда, дар бораи фаъолияти комисся, санҷишҳои комиссия табодули афкор намуд. Гуфта шуд, ки забон аз ибтидои пайдоишаш яке аз авомил ва ангезаҳои асосии ҷунбишҳои истиқлолхоҳӣ ва ватанпарастӣ буд. Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ситоиши забон бисёр бамаврид қайд намудаанд: «Забон хишти аввалини кохи миллат буда, яке аз рукнҳои асосии давлати миллӣ ва нахустунсури тафаккури миллӣ мебошад», - зикр кард Ш. Абдуназарзода - Ин ҳидояти Пешвои миллат дар бунёди давлати миллӣ ва густаришу ривоҷи андешаи миллӣ нақши асосӣ дорад. Бо дарназардошти ин нақш ва муҳити созгори соҳибистиқлолӣ, бо ташаббус ва дастгирии роҳбарияти олии кишвар 5 октябри соли 2009-ум Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» бознигарӣ гардида, дар якҷоягӣ бо халқ дар таҳияи нав қабул шуд. Дар он манфиатҳои милливу давлатӣ ҳимоя шуданд ва фаъолияту корбурди забонҳои дигар низ дар қаламрави Тоҷикистон қонунан ва мутобиқ ба меъёрҳои байналмилалӣ муайян гардидаанд.

Сипас, котиби комиссия Зуҳро Полвонова ва чанде аз аъзои комиссияи болозикр оид ба кори комиссия, рейду санҷишҳо, камбудию норасоиҳои ҷойдошта баромад карданд. Гуфта шуд, ки давоми шаш моҳи аввали соли 2019 гурӯҳи корӣ аз ҳисоби аъзои комиссия ташкил гардида, ташкилоту муассиса, марказҳои савдоро дар ҳудуди шаҳр гузаронида шуд. Зимни санҷишҳои гузаронидашуда аксаран камбудию норасоиҳо ошкор гардид. Хусусан навиштаҷоти ғалат, риояи имло мавриди санҷиш қарор гирифт. Изҳор шуд, ки қабули Қонун «Дар бораи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» гувоҳи он аст, ки демократия пай дар пай дар ҷомеаи мо густариш ёфта, тибқи талаботи Конститутсия манфиатҳои кулли бошандагони Тоҷикистон таҳти ҳимоя қарор доранд. Дар шаҳри Бохтар низ ба тозагиву покии забони давлатӣ диққати махсус дода мешавад. Комиссияи татбиқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» фаъолияти назаррас дошта, дар самти сифати шиору овезаҳо, навиштаҷот ва тозагии забон кор бурда истодаанд. Ин аст, ки рўз аз рўз дар корбурди беҳтари забони давлатӣ муваффақ мегардем.

Ҳеҷ овозе нест
 

Суроғаи мо

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

  кӯчаи Б. Ғафуров №9

Бинои Мақомоти иҷроияи маҳалии ҳокимияти давлатии  шаҳри Бохтар

 

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ

facebook.pngmail.ru.pngyoutube.pngvk.png

 

 

Тамос бо мо

Tel: (83222) 2-23-44

Fax: (83222) 2-49-59

Email: kadrho.qurghonteppa@khatlon.tj

Zircon - This is a contributing Drupal Theme
Design by WeebPal.