Бохтар: БА ТАНЗИМДАРОРИИ НАРХ ДАР БОЗОРҲО

Бо мақсади ба танзим даровардани нарху навои маҳсулоти ниёзи мардум бо дастури раиси вилояти Хатлон Ҳакимзода Қурбон ва раиси шаҳри Бохтар Исмоилзода Абдуалим гурӯҳи корӣ ташкил гардид. Гурӯҳи кории мазкур аз намояндагони мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят, роҳбарони ташкилоту муассисаҳои назоратӣ ва муовини раиси шаҳр Сайфиддин Исмоил, масъулини шуъбаи иқтисод ва савдо, роҳбарони ташкилоту муассисаҳои назоратии шаҳрӣ иборат буд. Гурӯҳи корӣ дар бозорҳои «Фаровон-Қӯрғонтеппа» ва «Ҳоҷи Шариф» фаъолият бурда, бо масъулини бозорҳо ва соҳибкорон суҳбату вохӯриҳо баргузор намуданд. Дар бозори «Фаровон - Қӯрғонтеппа» зимни баромади аъзои гурӯҳи корӣ изҳор шуд, ки нарху навои маҳсулоти ниёзи мардумро ба худи фурушандаҳо ҳавола намудем ва имрӯз мардум аз баландравии нарх шикоят мекунанд. Яъне ин ҳолат ба баландшавии нархи гушт ба 55 то 58 сомонӣ оварда расонд. Ҳол он ки бояд бо вуҷуди ҳамаи харҷҳо аз 45 сомонӣ боло фурухта нашавад. Инчунин дар бораи тозагию озодагии нуқтаҳои савдо сухан рафт. Ҳуқуқшиноси мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шахри Бохтар Амонулло Ашурзода ҳадафи ташкили гурӯҳи корӣ ва вохӯриҳо, санҷишро шарҳ дод. Қайд гардид, ки имрӯз аз тарафи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ шартномаи се тарафа омода гардидааст, ки бо соҳибкорон дар алоҳидагӣ баста машавад. Шартномаи номбурда бо ҳамаи савдогарони маҳсулоти гуштӣ ва ширинӣ баста мешавад. Аз як тарафи намояндаи мақомоти иҷроия аз тарафи дигар роҳбари бозор ва соҳибкор нишон дода шудааст. Дар мавриди риоя нагардидани шартномаи мазкур соҳибкор ҷаримабандӣ хоҳад шуд. Дар шартнома дақиқан вазифаву уҳдадориҳои тарафайн нишон дода шудааст. Сайфиддин Исмоил, муовини раиси шаҳр гуфт, ки яке аз пункҳои шартнома нархи маҳсулот нишон дода шудааст, ки бояд соҳибкор дар асоси он фаъолият намуда, маҳсулотро пешкаши харидорон намояд. Ҳангоми риоя накардан ва баланд бардоштани нархи маҳсулоти гуштӣ соҳибкор ҷаримабандӣ хоҳад шуд.

Гурӯҳи корӣ аз аксарияти нуқтаҳои фуруши маҳсулоти гуштӣ дидан карданд. Зимни дидан намудани нуқтаҳои савдо баҳолати тозагӣ, риояи талаботи қонунҳои амалкунанда, нархи маҳсулотро назорат карданд.

Чунин вохӯрӣ ва санҷиш дар бозори калонтарини вилояти Хатлон «Ҳоҷи Шариф» гузаронида шуд. дар ин бозор нахуст бо соҳибкорони фуруши маҳсулоти гуштӣ вохӯрӣ баргузор гардид. Дар ин вохӯрӣ низ ҳуқуқшиноси мақомоти иҷрояии маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳр А. Ашурзода соҳибкоронро бо шартнома, талабот, вазифаву уҳдадориҳо шинос кард. Соҳибкорон аз мушкилоти ҷойдошта, фаъолият ва пешниҳоду дархости худ ҳарф заданд. Иброз гардид, ки ҳамаи сохторҳои назоратӣ пеш аз санҷиш ва назорат аввал аз мавҷудият ва иҷроиши шартномаи мазкур пурсон хоҳанд шуд. Ба иттилои директори Маркази назорати санитарию эпидемиологии шаҳр Файзалӣ Назаров зимни санҷиш ва корбарии гурӯҳи мазкур дар бозорҳо 6 нуқтаи савдо баста шуда, мавриди ҷаримабандӣ қарор гирифтанд.

Гурӯҳи корӣ аз раванди савдо ва нархгузории нуқтаҳои савдои бозори «Ҳоҷи Шариф» низ дидан намуданд. Барои пешрафт ва ислоҳи камбудиҳо гурӯҳи корӣ ба маъмурияти бозорҳо ва соҳибкорон супориш ва маслиҳатҳо доданд.

Ҳеҷ овозе нест
 

Суроғаи мо

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

  кӯчаи Б. Ғафуров №9

Бинои Мақомоти иҷроияи маҳалии ҳокимияти давлатии  шаҳри Бохтар

 

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ

facebook.pngmail.ru.pngyoutube.pngvk.png

 

 

Тамос бо мо

Tel: (83222) 2-23-44

Fax: (83222) 2-49-59

Email: kadrho.qurghonteppa@khatlon.tj

Zircon - This is a contributing Drupal Theme
Design by WeebPal.