ҲАФТАИ КИТОБ БАРОИ КӮДАКОНУ НАВРАСОНИ ТОҶИКИСТОН ДАР БОХТАРИ ҚАДИМ

     Дар толори Кохи Ватани шаҳри Бохтар «Ҳафтаи китоб барои кӯдакону наврасони Тоҷикистон» баргузор гардид, ки дар он муовини раиси шаҳр Абдуназарзода Шоиста, раиси шоирону нависандагони Тоҷикистон дар минтақаи Бохтар Озар ва чанде аз дигар шоирони шинохтае, ки барои кӯдакону наврасон эҷод мекунанд, инчунин намояндагони китобхонаҳои вилоятиву шаҳрӣ, муассисаҳои таълимӣ, омӯзгорону хонандагон иштирок доштанд.

    Дар он саропо сухан дар бораи китобҳои бачагона, шоирону нависандагон, шарҳу таҳлили шеърҳои бачагона мерафт. Меҳмонон як-як баромад намуда, эҷодиёти хеш, ки бо лаҳни кӯдакӣ таълиф шудаанд, пешкаш карданд. Ин ҷо гуфта шуд, ки шеъри кӯдакона бояд барои шарҳ эҳтиёҷ надошта бошад. Яъне ин гуна шеърҳо бояд то андозае содаву суфта бошанд, ки бо як мутолиа намудан кӯдакону наврасон бо хубӣ фаҳманду дарк кунанд. Инро ба инобат гирифта имрӯз аксаран шоирону нависандагони тоҷик шеърҳои худро бисёр ҳам сода ва фаҳмо эҷод мекунанд.

    Сипас кӯдакону наврасони Бохтарӣ тавонистанд, ки ба таври назму наср васфу ситоиши китоб карда, дар бораи нақши шоирону нависандагони тоҷик дар рушду нумуи китоб ҳарф заданд. Қайд гардид, ки Сардиррин Айнӣ ва чанде дигарон бо эҷодҳои баландмазмуни хеш дар дилу дидаи мардуми даври хеш ва имрӯз роҳ дорад. Эҷодҳои ӯ ҳидоятсодана ба роҳи дурусти зиндагист. Эҷодкардаҳои Айнӣ содаву фаҳмо мебошад, ки дилхоҳ хонанда мақсади онро мефаҳмад.

    Ғайр аз ин дигар наврасони боистеъдоди шаҳр суруду таронаҳои шунидаву ҷолибро пешкаш намуданд, ки омӯхтаниву ҳаловатбах буданд.

    Дигар баромадкунандагон аз қабали намояндагони мақомоти маҳаллӣ, шоирону нависандагон, дӯстдорони китоби тоҷик тавонистанд, ки саропо дар хусуси манфиати истифодаи китоб, муҳаббат ба китоб, ҷалби наврасону кӯдакон ба китобхонӣ, роҳнамоии эҷодкорони нав ба эҷоди шеърҳои кӯдакона, дарёфти истеъдодҳои нав, мақсади аслии баргузории чорабинии имрӯза табодули афкор карданд.

    Хулас метавон арз кард, ки баргузории чорабинии мазкур дар самти баланд гардидани муҳаббат ва таваҷҷӯҳи наврасону кӯдакон ба китоб ва шеъру сухан, дарёфти истеъдодҳои нав, муаррифии шоирону нависандагоне, ки барои кӯдакон эҷод мекунанд,  мусоидат кард. 

Миёна: 3 (2 votes)
 

Суроғаи мо

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

  кӯчаи Б. Ғафуров №9

Бинои Мақомоти иҷроияи маҳалии ҳокимияти давлатии  шаҳри Бохтар

 

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ

facebook.pngmail.ru.pngyoutube.pngvk.png

 

 

Тамос бо мо

Tel: (83222) 2-23-44

Fax: (83222) 2-49-59

Email: kadrho.qurghonteppa@khatlon.tj

Zircon - This is a contributing Drupal Theme
Design by WeebPal.