ШОИСТА АБДУНАЗАРЗОДДА: “9876 НАФАР САЙЁҲОНИ ДОХИЛИЮ ХОРИҶӢ БА ШАҲРИ БОХТАР ТАШРИФ ОВАРДАНД”

Дар толори Кохи Ватан конфиренсияи шаҳрӣ таҳти унвони “Марҳамат ба Бохтар” оид ба рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ, ҷалби сайёҳони дохилию хориҷӣ ба маркази вилояти Хатлон бо иштироки Шамсулло Салимзода, мудири шуъбаи рушди сайёҳии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон, Шоиста Абдуназарзодда, муовини раиси шаҳри Бохтар, Музаффар Ғафуров, мудири шуъбаи рушди иҷтимоӣ ва робита бо дастгоҳи мақомот, ҳунармандон ва қишри фаъоли ҷомеа баргузор гардид.

Сараввал меҳмонон аз маҳсули дасти ҳунармандони шаҳри Бохтар дидан намуда, ғолибони номинатсияи “Армуғони беҳтарин” ва “Манзараи беҳтарини сайёҳӣ” баҳогузорӣ ва муайян гардиданд.

Шоиста Абдуназарзодда, муовини раиси шаҳр дар суханронии худ қайд намуданд, ки “дар панҷ моҳи сипаригардида, тибқи омор 9876 нафар сайёҳони дохилию хориҷӣ вориди шаҳри Бохтар гардиданд, ки аз ин шумора 91 нафарашон сайёҳони хориҷӣ мебошанд”. Барои ҷалби сайёҳон ба маркази вилояти Хатлон ва огаҳ намудани онҳо аз таъриху фарҳанги мамлакат “имрӯзҳо дар ҳудуди шаҳри Бохтар 17- ёдгориҳову мавзеъҳои таърихю-фарҳангӣ, 12-меҳмонхона, ду ҳоҷҷатхонаҳои сарироҳӣ, 10-мағозаи фурӯши армуғонҳо, ду осорхона, 7-мавзеъҳои сайёҳӣ, 20-тарабхона, 44-банкоматҳои хизматрасониву бонкӣ, 3 адад ишораҳои сарироҳӣ, ду адад боғи истироҳатӣ, ки дар таҷлили Рӯзи ваҳдати миллӣ аз тарафи раиси вилояти Хатлон Ҳакимзода Қурбон боғи фарҳангӣ-истироҳатӣ ба номи Раҳмон Мӯрчаев азнавсозӣ карда ба истифодаи сокинону сайёҳони шаҳри Бохтар расонида шуд” қайд намуд, мувини раиси шаҳр. Ин суханонро низ дар баромади хеш Абдувоҳид Бобоҷонов, сармутахассиси сайёҳии мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳр зикр намуд.

Шамсулло Салимзодда, мудири шуъбаи рушди сайёҳии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят дар баромади хеш оид ба имконияти сайёҳии вилояти Хатлон сухан намуда, қайд кард, ки “дар вилояти Хатлон зиёда аз 795 бозёфтҳои таърихӣ, 77 мавзеъҳои сайёҳӣ, 38 осорхона, 114 зиёратгоҳ, 28 боғҳои истироҳатию фароғатӣ, 57 адад мағозаи фурӯши армуғонҳо, ва 92 адад меҳмонхонаҳо, 34 адад истироҳатгоҳҳо, осоишгоҳо, 117 адад тарабхона, 13 адад ширкатҳои сайёҳӣ мавҷуд аст”. Ҳамзамон ёдовар гардид, ки ҳунармандонро мебояд бо шуъбаи рушди сайёҳии шаҳр дар ҳамкорӣ бошанд, то ҳунару истеъдоди эҷоднамудаи худро пешкаши мизоҷон намуда, аз ин ҳисоб буҷаи оилаи хешро баланд гардонанд.

Дар ҷамъбаст иштирокдорони конфиренсияи мазкур фикрҳои худро ба таври озод баён намуда, ба ғолибони номинатсияи “Армуғони беҳтарин” ва “Манзараи беҳтарини сайёҳӣ” Сипоснома ва туҳфҳои хотиравӣ ба Шарофат Боронова, Раҳимҷон Ҳамдамов, Марҷона Ғуломова, Рухшонаи Шералӣ, Моҳира Хидирова Севинч Усмонова тақдим гардид.

Ҳеҷ овозе нест
 

Суроғаи мо

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

  кӯчаи Б. Ғафуров №9

Бинои Мақомоти иҷроияи маҳалии ҳокимияти давлатии  шаҳри Бохтар

 

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ

facebook.pngmail.ru.pngyoutube.pngvk.png

 

 

Тамос бо мо

Tel: (83222) 2-23-44

Fax: (83222) 2-49-59

Email: kadrho.qurghonteppa@khatlon.tj

Zircon - This is a contributing Drupal Theme
Design by WeebPal.