ФУТБОЛ ДАР БОХТАР

Бахшида ба таҷлили 25 солагии таъсисёбии ҲХДТ, 30-солагии Истиқлолияти давлатӣ ва эълон гардидани соли 2019-2021 ҳамчун солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ бо ташаббуси КИ ҲХДТ дар шаҳри Бохтар бо мақсади тарғиби тарзи ҳаёти солим, ҷалби васеъи омма ба варзиш, тарғиби оммавии футбол, мустаҳакам намудани дӯстӣ миёни ҷавонон, мусобиқаи футбол миёни наврасону ҷавонони 18-30 сола баргузор гардида истодааст.

Тибқи иттилои масъулин дар мусобиқаи мазкур 16 даста аз ҳисоби аъзо ва ҷавонони ТҶҶ Созандагони Ватан иштирок намуда он дар давраи таҷлили Рӯзи Истиқлолияти давлатӣ ҷамъбаст мегардад. Дастаи ғолиб, шаҳри Бохтарро дар мусобиқаи вилоят барои дарёфти КИ ҲХДТ дар вилояти Хатлон намояндагӣ карда, ғолибон бо ҷом, Диплом ва туҳфаҳои КИ ҲХДТ қадрдонӣ мешаванд. Мувофиқи қуракашии мусобиқа дидори нахустин миёни дастаҳои маҳаллаҳои Кайҳоннавардон ва Баҳор доир гардид.

Зикр кардан ба маврид аст, ки мусобиқа дар ҳамкорӣ бо шуъаи маҳаллаҳо ва бахши кор бо ҷавонон ва варзиш гузаронида мешаванд.

Ҳеҷ овозе нест
 

Суроғаи мо

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

  кӯчаи Б. Ғафуров №9

Бинои Мақомоти иҷроияи маҳалии ҳокимияти давлатии  шаҳри Бохтар

 

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ

facebook.pngmail.ru.pngyoutube.pngvk.png

 

 

Тамос бо мо

Tel: (83222) 2-23-44

Fax: (83222) 2-49-59

Email: kadrho.qurghonteppa@khatlon.tj

Zircon - This is a contributing Drupal Theme
Design by WeebPal.