“САБР КАЛИДИ ХУШБАХИИ ОИЛА МЕБОШАД!”

Имрӯзҳо мутаассифона шумораи људошавии оилаҳои љавон бештар ба мушоҳида мерасад. Сабабу омилҳои зиёде дар ин љо ниҳон аст, ки ҳар нафар онро ба таври гуногун шарҳ медиҳанд. Аммо аксаран одамон бар он ақидаанд, ки яке аз сабаби асосии барҳам хурдани оилаҳои љавон ин сабр накардан аст. Маҳз сири хушбахтӣ доштани сабру таҳаммул ва пеша кардани он мебошад. Зебогул Гулова, зани бомеҳр, модар ва ҳамсари содиқ ки тӯли чандинсолҳост ба ҳайси омӯзгори фанни забон ва адабиёти тољик дар муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами №10- и шаҳри Бохтар кор мекунад бар он назар аст, ки сабр асоси хушбахтиву солимии оила мебошад.

Ӯ 4-уми январи соли 1965 дар ноҳияи Кӯшониён (собиқ Бохтар) дар оилаи коргари одӣ ба дунё омадааст. Таълими ибтидоиро дар муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №35-и зодгоҳаш гирифтааст. Ба касби омӯзгорӣ шавқи беандоза дошт. Ин буд, ки баъди гирифтани маълумот фаъолияти кориашро аввал аз муассисаи №35 оғоз намуд. Баъди ба шавҳар баромадан дубора дар муассисаи №18-и ноҳияи А. Љомӣ рӯ мактаб оварда ба хонандагон таълим додааст. Шуруъ аз соли 1994 то инљониб дар муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №10-и шаҳри Бохтар ба ҳайси омӯзгор фаъолият дорад. Ӯ соҳиби се фарзанд ду духтар ва як писар мебошад. Духтаронаш идомадиҳандаи касби модар буда, яке дар Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав ҳамроҳи падар Дустмурод Ҳасанов ва дигаре дар муассисаи мазкур ҳамроҳи модар кор ба ҳайси омӯзгор мекунанд. Ҳарду духтаронаш оиладор буда, фарзанди хурдияш айни ҳол донишљӯйи Донишгоҳи тибби љумҳурист.

Ӯ сири хушбахтии оиларо дар сабру таҳаммул доштани љавонон ва ҳурмату эҳтироми калонсолон мепиндорад ва қайд менамояд, ки “талаботи имрӯза зиёд аст, ҳар яке моро мебояд, ба қавли мардум “поятро чени курпа дароз кун” амал намоем. Мутаассифона надоштани шароити хуби зиндагии баъзе аз оилаҳои талаботи зиёди нољо боиси пошхӯрии оилаҳо мегардад. Аммо мушоҳида нишон медиҳад, ки бештар вақт бо сабаби сабр накардани чи духтар ва ё писар ин амал зиёд шуда истодааст. Инчунин сабукфикрии љавонон метавонад як далели он бошад”.

Мушоҳида меравад, ки бо вуљуди надоштани сабру таҳаммул баъзе аз љавонондухтарон бардошти сухани шавҳар ва ё хоҳишҳои ӯро надорад, ки Зебогул Гулова ин суханро чунин шарҳ дод: “Баъзе аз љавондухтарон ҳурмати шавҳар ва оиларо ба љо намеоранд, ки боиси пошухӯрии оила мегардад. Ба онҳо тавсия ё аз онҳо хохиш доштам, ки пеш аз ҳама ҳурмату эҳтироми калонсолонро ба љо биоранд”.

Дуруст аст, ки сухани ширин, сари хам, ки мегӯянд “сари хамро шамшер набуридааст” метавонад оилаи моро аз бадиҳо нигоҳ дорад. бештар вақт хушбахтии оила аз зан вобастагӣ доранд. Зани солеҳа метавонад хона созад ва дигаре хона сӯзад. Ин ҳама аз тарбияи дурусти зан ва оила вобастагӣ дорад, ки қаҳрамони мо дар суҳбат ба мо қайд намуд.

Зебогул Гулова метавонад намунаи хубе барои шогирдон ва хонандагон бошад, чун ӯ ҳам саҳми хешро дар тарбия ва ба камол расонидани насли ояндаи давлат мерасонад ҳамзамон оилаи солимро дар љомеа бунёд намудааст. Ӯ натанҳо ба хонандагон таълим дода савияи дониши онро баланд намуда истодааст, балки посдорандаи фарҳанги миллӣ мебошад. Зеро новобаста аз фаслҳои сол ҳамеша дар тан либоси миллӣ дошта бо забони ширинӣ ададбӣ ҳарф мезанад. Шогирдони зиёдеро тарбия намудааст, ки ҳам дар ободии кишвар саҳмгузоранд ва ҳам оилаи солим доранд. Пеш аз шуруъ намудани дарс ҳамеша ба шогирдон аз доштани ахлоқи баландӣ инсонӣ ҳарф мезанад.

Мо ба ин бонуи зебо ва модари хушбахт дар фаъолияти корӣ ва оилавӣ барору комёбӣ орзумандем.

Ҳеҷ овозе нест
 

Суроғаи мо

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

  кӯчаи Б. Ғафуров №9

Бинои Мақомоти иҷроияи маҳалии ҳокимияти давлатии  шаҳри Бохтар

 

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ

facebook.pngmail.ru.pngyoutube.pngvk.png

 

 

Тамос бо мо

Tel: (83222) 2-23-44

Fax: (83222) 2-49-59

Email: kadrho.qurghonteppa@khatlon.tj

Zircon - This is a contributing Drupal Theme
Design by WeebPal.