Бохтар: ШЎРОИ ҲАМОҲАНГСОЗИИ РАИСОНИ МАҲАЛЛА БО КОРМАНДОНИ МАҚОМОТИ КОРҲОИ ДОХИЛӢ

Оид ба иҷроиши банди 2-юми нақшаи кории Шўрои ҳамоҳангсозии мақомоти ҳифзи ҳуқуқи шаҳри Бохтар барои нимаи якуми соли 2019 оид ба таҳлил ва ҷамъбасти корҳои анҷомдодаи нозирони минтақавӣ, раисони Кумитаи маҳаллаҳои шаҳр дар самти қонунгузории замин, алалхусус оид ба худсарона ишғол намудани қитъаи замин ва сохтмони худсарона дар ҳудуди шаҳри Бохтар ҷамъомад баргузор гардид.

Дар шуъбаи Вазорати корҳои дохилӣ дар шаҳри Бохтар маҷлиси Шўрои ҳамоҳангсозӣ гузаронида шуд. Дар кори Шӯро Сайфиддин Исмоил, муовини раиси шаҳри Бохтар, Нусратзода Н. Прокурори шаҳр, Набиҷон Исозода Сардори шуъбаи Вазорати корҳои дохилӣ дар ш. Бохтар, Парвизҷон Солеҳзода, ёрдамчии калони пракратураи шаҳри Бохтар, Раиси кумитаи замини шаҳр Алишер Комилзода, Сармутахасиси шуъбаи бахши меъморӣ ва шаҳрсозии ш. Бохтар Ҳомидҷон Мадвалиев иштирок доштанд.

Нахуст Парвиз Солеҳзода, ёрдамчии калони прокурори шаҳри Бохтар мушовири адлияи дараҷаи 3 баромад намуд. С. Ёқубзода мавзӯи мазкурро ба риштаи таҳлил кашида, изҳор дошт, ки дар иҷрои вазифаву уҳдадориҳо ҳамагон масъул мебошем. Бояд дар самти иҷрои қонунгузориҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон масъулияти ҷиддӣ дарк кунем ва дигаронро дар ин росто ҳидоят созем. Илова бар ин, оид ба як қатор масъалаҳои алоқаманд ба мавзӯи Шӯро табодули афкор кард.

Дар таҳлили ҷамъбастгардида муайян карда шуд, ки миқдори умумии қитъаҳои замин дар шаҳри Бохтар 2568 га-ро ташкил медиҳад,ки аз ин миқдор заминҳои корам 1226 га, дарахтони бисёрсола 45 га, заминҳои кишоварзи 635 га, заминҳои наздиҳавлигӣ 868 га ва заминҳои хоҷагии ёрирасони шахсии шаҳрвандон яъне (Президентӣ) 84 га мебошанд.

Шумораи умумии қитъаҳои замини наздиҳавлигӣ дар ҳудуди шаҳр бошад 4164 ва хоҷагиҳои деҳқонӣ 38 ададро ташкил медиҳад, ки аз инҳо хоҷагиҳои давлатӣ 3 ва хоҷагиҳои деҳқонӣ 35 адад мебошанд.

Ҳамин тариқ дар давраи ҷамъбастӣ аз тарафи прокуратураи шаҳри Бохтар ҷиҳати бартараф намудани қонунвайронкуниҳо ва сабабу шароитҳои ба онҳо мусоидаткунанда 13 пешниҳод ирсол карда, баҳри фавран бартараф намудани қонунвайронкуниҳо 10 амр дода, нисбати 28 нафар парвандаи ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ, нисбати 11 нафар парвандаи ҷиноятӣ оғоз карда, ва 0,84 га қитъаи замини худсарона ишғол гардида ва ғайриқонунӣ ҷудо карда шуда, ба ҳолати аввалааш баргардонида шудаст.

Сипас дигар иштирокдорон низ оид ба мавзӯи Шӯро ибрози андеша карда, баҳри пешгирии қонунвайронкуниҳо пешниҳодҳо намуданд.

Ҳеҷ овозе нест
 

Суроғаи мо

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

  кӯчаи Б. Ғафуров №9

Бинои Мақомоти иҷроияи маҳалии ҳокимияти давлатии  шаҳри Бохтар

 

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ

facebook.pngmail.ru.pngyoutube.pngvk.png

 

 

Тамос бо мо

Tel: (83222) 2-23-44

Fax: (83222) 2-49-59

Email: kadrho.qurghonteppa@khatlon.tj

Zircon - This is a contributing Drupal Theme
Design by WeebPal.