Бохтар: ЧОРАБИНӢ БАХШИДА БА РӮЗИ МАЪЮБОН

Бахшида ба Рӯзи маъюбон ва пиронсолон дар тарабхонаи «Соҳил» бо дастгирии мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳри Бохтар ва соҳибкори ватанӣ Алишер Абдулоқулов чорабинии фарҳангӣ бо иштироки роҳбари лоиҳаи «MoveAbility»-и Кумитаи байналимилалии салиби сурх дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Абдурашид Қурбонов ва Абдусамад Бобоҷонов, роҳбари ташкилоти ҷамъиятии иттиҳодияи миллии маъюбони Тоҷикистон дар шаҳри Бохтар, маъюбону пиронсолон баргузор гардид.

Қайд кардан ба маврид аст, ки ҳамасола 8-июл ҳамчун Рӯзи маъюбон ва пиронсолон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон таҷлил карда мешавад. Барои шод гардонидани маъюбон ва ҷалби онҳо ба варзиш миёни 120 нафар маъюбон аз шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон, аз ҷумла шаҳри Бохтар бозиҳои сабук, аз қабили шашка, шоҳмот, дастхобонӣ ва ққироати шеъру суруд баргузор гардид. Дар ҷамъбаст ба ѓолибон Сипоснома ва туҳфаҳои хотиравӣ тақдим карда шуд.

Ҳеҷ овозе нест
 

Суроғаи мо

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

  кӯчаи Б. Ғафуров №9

Бинои Мақомоти иҷроияи маҳалии ҳокимияти давлатии  шаҳри Бохтар

 

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ

facebook.pngmail.ru.pngyoutube.pngvk.png

 

 

Тамос бо мо

Tel: (83222) 2-23-44

Fax: (83222) 2-49-59

Email: kadrho.qurghonteppa@khatlon.tj

Zircon - This is a contributing Drupal Theme
Design by WeebPal.