ГУРӮҲИ КОРӢ ДАР МУАССИСАҲОИ ТАЪЛИМӢ

Раиси шаҳри Бохтар Абдуалим Исмоилзода дар якҷоягӣ бо муовинони худ, роҳбарони чанде аз ташкилоту муассисаҳо аз ҳолати таъмири ҷории муассисаҳои таълимӣ, омодагӣ ба сохтмони синфхонаҳои нав ва масчиди ғайрирасмии басташуда дидан намуд.

Нахуст раиси шаҳр аз литсейи физикӣ – математикии «Ориёно» -и шаҳри Бохтар дидан кард. Ёдовар бояд гардид, ки имрӯз дар муассисаҳои таълимии шаҳр таъмири ҷорӣ оғоз ёфта, рангуборкунӣ ва тозагӣ идома дорад. Баҳри босифат анҷом додани корҳои таъмирӣ А. Исмоилзода ба роҳбари муассиса ва дигар масъулон дастури қатъи дод. Илова бар ин, мувофиқи нақшаи пешакӣ дар литсейи мазкур сохтмони синфхонаҳои иловагӣ дар назар дошта шудааст, ки раиси шаҳр бо ҷойи сохтмон ва омодагӣ барои сохтмони синфхонаҳои иловагӣ шинос шуд. Ятимзода Валиҷон сармеъмори шаҳр бобати сохтмон, нақшагузорӣ ва лоиҳаи он маълумот дод. Изҳор шуд, ки бо қомат афрохтани ин бино ҷойи таҳсили хонандагон фароҳамтар мегардад. Инчунин раиси шаҳр бо истиқоматкунандагони маҳаллаи Ҷалолиддини Румӣ вохӯрӣ намуда, хусуси ташкили марказҳои ҳунаромӯзӣ, корхонаҳои истеҳсолӣ ҳамсуҳбат гашт. Ғайр аз ин дар бораи қатъ гардидани фаъолияти масчиди ғайрирасмии маҳаллаи мазкур табодули афкор намуданд. Истиқоматкунандагони маҳаллаи номбурда барои дастгириҳои давлату ҳукумати кишвар изҳори миннатдорӣ намуданд. Гуфта шуд, ки маҳз тинҷиву осоиштагии меҳан аст, ки сол то сол ба дастовардҳои нав ба нав ноил мегардем ва сатҳи зиндагии мардум рӯ ба беҳӣ мениҳад. Соҳибкорони маҳалла гуфтанд,ки дар кутоҳтарин муддат корхонаи истеҳсолкунӣ ва маркази бофандагӣ ба фаъолият шурӯъ хоҳанд кард.

Абдуалим Исмоилзода бо ҳамроҳонаш аз муассисаи томактабии «Афсона» шароити фаъолият, кори ошхона ва гирду атрофи он дидан карда, баҳри рафъи камбудиҳо супориш дод. Оид ба вазъи фаъолияти ошхона ва ҳолати санитарии муассиса эродҳои ҷиддӣ гирифт. Барои ҳалли мушкилии ҷойдошта муовини раиси шаҳр Шоиста Абдуназарзода муваззаф гардид.

Дар муассисаи таълимии №2 – и шаҳр сохтмони бинои синфхонаҳои иловагӣ ба нақша гирифта шудааст. Раиси шаҳр бо ҷойи сохтмон, маблағгузор ва ва ҳолати омодагии муассиса шинос шуд. Иттилоъ дода шуд, ки синфхонаҳои иловагӣ бо саҳми мақомоти маҳал ва сархатиби шаҳр қомат меафрозад.

Ҳеҷ овозе нест
 

Суроғаи мо

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

  кӯчаи Б. Ғафуров №9

Бинои Мақомоти иҷроияи маҳалии ҳокимияти давлатии  шаҳри Бохтар

 

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ

facebook.pngmail.ru.pngyoutube.pngvk.png

 

 

Тамос бо мо

Tel: (83222) 2-23-44

Fax: (83222) 2-49-59

Email: kadrho.qurghonteppa@khatlon.tj

Zircon - This is a contributing Drupal Theme
Design by WeebPal.