Бохтар: ҶАМЪОМАД ОИД БА ҲУҚУҚИ ИНСОН

Имрӯз дар толори мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳри Бохтар ҷамъомад таҳти дар мавзӯи «Баробарии гендерӣ, пешгирии зӯроварӣ дар оила ва фарҳанги оиладорӣ» баргузор гардид. Дар ҷамъомад муовини раиси шаҳр Шоиста Абдуназарзода, Шариф Раҷабов , мудири шуъбаи ҳуқуқи давлатӣ, ваколатдор оид ба оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҳамрохон Давлатов, мутахассиси шуъбаи мазкур, Умар Давлатов, роҳбари намояндагии ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар вилояти Хатлон, кормандони мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳр, раисони маҳаллаҳо, роҳбарони ташкилоту муассисаҳои шаҳрӣ иштирок доштанд. Ш. Абдуназарзода суханронӣ карда, оид ба ҳадафи баргузории ҷамъомад ҳарф зад. Сипас, Шариф Раҷабов баромад карда, изҳор дошт, ки мутобиқи моддаи 17 –и Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон мардон ва занон баробарҳуқуқанд. Дар асоси меъёри мазкур як қатор ҳуҷҷатҳои ҳуқуқӣ аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар мавзӯи баробарии гендерӣ ва пешгирии зӯроварӣ дар оила якчанд Стратегия ва Барномаҳо ба тасвиб расидааст, ки баҳри боз ҳам мустаҳкам намудани баробарии мардону занон дар корҳои давлатию ҷамъиятӣ ва бо роҳи демократӣ инкишоф ёфтани онҳо дар ҷомеаи имрӯза мусоидат менамояд.

Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон кафолати давлатии таъмини баробарҳуқуқии мардону занонро дар соҳаҳои хизматӣ, иҷтимоӣ, иқтисодӣ, ҳангоми амали намудани ҳуқуқи интихобот ва ғайраро муқарар кардааст. Бо мақсади дастгирии занону духтарон ва шахсони ниёзманд айни ҳол дар назди сохтори маҳаллии Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон 87 марказҳои иттилоотию машваратӣ ва 37 марказҳои буҳронӣ амал мекунанд, ки мутахассисони онҳо ба шаҳрвандон кумакҳои ройгони ҳуқуқӣ мерасонанд.

Дар қисмати дигари ҷамъомад суолу ҷавоб роҷеъ ба мавзӯъи мазкур доир гардид. Ба суолҳои иштирокдорон мутахассисон ҷавобҳои дақиқ гардониданд.

Ҳеҷ овозе нест
 

Суроғаи мо

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

  кӯчаи Б. Ғафуров №9

Бинои Мақомоти иҷроияи маҳалии ҳокимияти давлатии  шаҳри Бохтар

 

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ

facebook.pngmail.ru.pngyoutube.pngvk.png

 

 

Тамос бо мо

Tel: (83222) 2-23-44

Fax: (83222) 2-49-59

Email: kadrho.qurghonteppa@khatlon.tj

Zircon - This is a contributing Drupal Theme
Design by WeebPal.