А. ИСМОИЛЗОДА: «Ҳамсояи наздик беҳ аз хеши дур»

Ин дафъа дар қабули шаҳрвандон, ки аз тарафи раиси шаҳри Бохтар Абдуалим Исмоилзода гузаронида шуд, зиёда аз 15 нафар сокинони шаҳр иштирок намуданд.

Шаҳрванди 63 солаи шаҳр бо масъалаи муноқиша бо ҳамсояи худ ва созиш карда натавонистан дар самти гузарони об ба раиси шаҳр муроҷиат кард. Изҳор дошт, ки давоми 6 сол мешавад, ки байни ҳамсояҳо нофаҳми ҳаст ва ин боиси гузаронида натавонистани ҷӯйи об гардидааст. А. Исмоилзода баҳри мусоидат дар ҳаллӣ мушкилии онҳо роҳбари дастгоҳ, муовинон, ҳуқуқшинос, раиси кумитаи маҳалларо муваззаф гардонид. Бо муроҷиат ба шаҳрванд илова намуд, ки «Аз хеши дур дида ҳамсояи наздик беҳтар аст. Бояд бо ҳамсоягон созиш кард вар афту омадро зич намуд». Шаҳрванди дигар бо масъалаи мушкилоти иқтисодӣ муроҷиат кард ва изҳор дошт, ки фарзандаш сару либоси мактабӣ надорад. Инчунин аз лиҳози хӯрока мушкилӣ мекашад. А. Исмоилзода гуфт, ки бо гирифтани аризаи шаҳрванд ба ӯ кумаки модӣ расонида шавад ва сару либоси пурраи фарзандаш таъмин карда шавад.Инчунин мудири муориф дар самти дарсҳои иловагии ройгон додан ба фарзанди ин шаҳрванд вазифадор карда шуд. Ғайр аз ин, ба ӯ ҷойи корӣ таъмин гардид.

Ба ҳамин монанд шаҳрвандон бо мушкилоти хонаводагӣ, ҳуҷҷатгузории хона, молу мулк, замин ва дигар муроҷиат намуданд, ки вобаста ба ҳар як муроҷиати шаҳрвандон муовинони раис, роҳбари дастгоҳ, мудирони шуъбаҳо, раисони маҳалла ва роҳбарони ташкилоту муассисаҳо вазифадор карда шуданд. Дар ин миён шаҳрванде муроҷиат карда, гуфт, ки дар иола 5 нафар маъюб доранд. Падару модар ва фарзандонашон нобино мебошанд ва ба кумаки иқтисодӣ ниёз доранд. Изҳор гардид, ки дар рӯйхати аввали гирандагони кумакҳо ҷой дода шаванд ва аз имрӯз барои кумак намудан бахши ҳифзи иҷтимоӣ, нафақа ва дигар масъулон вазифадор карда шуданд. Раиси шаҳр баҳри таҳти назорат гирифтан ва доиман кумакрасонӣ кардан ба ин оила муовинон ва роҳбарони чанде аз ташкилоту муассисаҳоро муваззаф кард.

Хулас, баҳри мусоидат дар ҳалли мушкилии ҳар як шаҳрванди дар қабули раиси шаҳри Бохтар Абдуалим Исмоилзода иштирок карда, масъулон вазифадор гардиданд ва баҳри назорати иҷрои супоришҳо мудири шуъбаи умумӣ, назорат ва муроҷиати шаҳрвандони мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳр масъул гардид.

Ҳеҷ овозе нест
 

Суроғаи мо

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

  кӯчаи Б. Ғафуров №9

Бинои Мақомоти иҷроияи маҳалии ҳокимияти давлатии  шаҳри Бохтар

 

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ

facebook.pngmail.ru.pngyoutube.pngvk.png

 

 

Тамос бо мо

Tel: (83222) 2-23-44

Fax: (83222) 2-49-59

Email: kadrho.qurghonteppa@khatlon.tj

Zircon - This is a contributing Drupal Theme
Design by WeebPal.