Бохтар: ИСТИҚБОЛИ ИДИ ШАРИФИ РАМАЗОН

Субҳи имрӯз ба хотири шодбош гуфтани сокинони шарафманди шаҳри Бохтар ба муносибати Иди шарифи Рамазон муовини аввали раиси вилоят, раиси шаҳри Бохтар Абдуалим Исмоилзода, прокурори шаҳр Нусратзода, раиси суди шаҳр Ёқубзода, сардори шуъбаи корҳои дохилӣ дар шаҳри Бохтар Н. Исозода ва дигар масъулон ба масчиди ҷомеаи ба номи Имоми Аъзами маркази вилоят ташриф оварданд. Қабл аз баргузории намози Ид муовини аввали раиси вилоят ва раиси шаҳр суханронӣ карда, ҳамагонро ба Иди шариф муборакбод гуфтанд. Раиси шаҳр А. Исмоилзода изҳор дошт, ки таҷлили чунин рӯз дар сатҳи баланд бо шарофати истиқлолияти комил, сулҳу ваҳдат ва ягонагии мардуми сарбаланди тоҷик мебошад. Аз ин лиҳоз, бояд доиман шукргузорӣ аз тинҷиву осоиштагии меҳан намоем. Гуфта шуд, ки аз тарафи мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳр, соҳибкорону саховатмандон наздики як миллион сомонӣ ба камбизоатону ниёзмандон, маъюбону ятимон кумакҳои пулию модӣ расонида шудааст. Инчунин аз омодагӣ ба 30 – солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва саҳми омма дар корҳои созандагию бунёдкорӣ, тозагӣ ва кабудизоркунӣ ёдоварӣ карданд.

Қайд гардид, ки моро зарур аст то бо дастгирӣ аз сиёсати хирадмандонаи Пешвои миллат дар пешрафт ва ободонии кори ватан саҳми арзандаи худро гузорем. Ба фиреб ва ваъдаҳои бардурӯғи иғвоангезону гурӯҳҳои ифродӣ дода нашуда, дар фикри Ватан – Модар ва пайвандони худ дурандешона амал кунем.

Сипас, ҳамагон дар намози Ид иштирок намуданд. Пас анҷом ёфтани намози Ид ҳамагон дасти дуо бардошта, аз осоиштагии меҳан, файзу сахои истиқлолият, роҳбари оқил шукргузорӣ намуданд.

Гаштугузори кӯдакон дар Иди шарифи Рамазон, аёдати беморону барҷомондагон ва дигар оин дар асоси талаботи қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросими миллӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» дар шаҳри Бохтар гузаронида шуд. Ин рӯз амалҳои хайру сахо ва аёдати барҷомондагон бештар ба назар мерасид.

Ҳеҷ овозе нест
 

Суроғаи мо

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

  кӯчаи Б. Ғафуров №9

Бинои Мақомоти иҷроияи маҳалии ҳокимияти давлатии  шаҳри Бохтар

 

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ

facebook.pngmail.ru.pngyoutube.pngvk.png

 

 

Тамос бо мо

Tel: (83222) 2-23-44

Fax: (83222) 2-49-59

Email: kadrho.qurghonteppa@khatlon.tj

Zircon - This is a contributing Drupal Theme
Design by WeebPal.