ДАВИ МИЛЛӢ ДАР ШАҲРИ БОХТАР

Бо мақсади иҷрои Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 28 марти соли 2007, №225 ва нақшаи чорабиниҳо бахшида ба омодагӣ ба 30 – солагии Истиклолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Бохтар имрӯз Дави миллӣ баргузор гардид. Дави миллӣ дар доираи чорабиниҳо бахшида ба Рӯзи ҷавонон аз соли 2017 ҳар сол якшанбеи сеюми моҳи май доир мешавад. Дар он хурду калон, новобаста ба синну сол иштирок мекунанд.

Дави миллӣ дар шаҳри Бохтар аз майдони Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон оғоз ёфт. Сафи иштирокчиёни ин чорабинӣ сол то сол меафзояд. Соли гузашта дар Дави миллӣ беш аз 10 ҳазор нафар иштирок доштанд ва имсол ин шумора бештар гардид.

ЁДОВАР МЕГАРДЕМ, КИ АЗ СУБҲИ ИМРӮЗ МАЙДОНИ ПАРЧАМИ ДАВЛАТИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ХЕЛЕ СЕРОДАМ БУД. ХУРДУ БУЗУРГ БАРОИ ИШТИРОК ДАР ДАВИ МИЛЛӢ ОМАДА БУДАНД. ДАВИ МИЛЛӢ БО ИШТИРОКИ РОҲБАРИЯТИ ВИЛОЯТ ВА ШАҲР ИФТИТОҲ ЁФТ. НАВРАСОНУ ҶАВОНОН, КОРМАНДОНИ ТАШКИЛОТУ МУАССИСА, КОРХОНАҲО ВА ДИГАР СОКИНОНИ ШАҲРИ БОХТАР БО ИШТИРОК ФАЪОЛӢ НИШОН ДОДА, ҶОЙИ НАМОЁНРО ИШҒОЛ НАМУДАН МЕХОҲАНД. ИШТИРОКИ РОҲБАРИЯТИ МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН ВА ШАҲРИ БОХТАР ДИГАР ИШТИРОКДОРОНРО ҲАВАСМАНД НАМУД. ИТМИНОН МЕРАВАД, КИ БО ҶАМБАСТ ГАРДИДАНИ ДАВИ МИЛЛӢ ҒОЛИБОН ВА ПЕШСАФОН БО ТУҲФАВУ ИФТИХОРНОМАҲО ЧУН ҲАРСОЛА ҲАВАСМАНД ГАРДОНИДА МЕШАВАНД.

Ҳеҷ овозе нест
 

Суроғаи мо

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

  кӯчаи Б. Ғафуров №9

Бинои Мақомоти иҷроияи маҳалии ҳокимияти давлатии  шаҳри Бохтар

 

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ

facebook.pngmail.ru.pngyoutube.pngvk.png

 

 

Тамос бо мо

Tel: (83222) 2-23-44

Fax: (83222) 2-49-59

Email: kadrho.qurghonteppa@khatlon.tj

Zircon - This is a contributing Drupal Theme
Design by WeebPal.