ПАЁМИ ТАБРИКИИ РАИСИ ШАҲРИ БОХТАР МУҲТАРАМ АБДУАЛИМ ИСМОИЛЗОДА БА МУНОСИБАТИ 74 –УМИН СОЛГАРДИ ҒАЛАБА ДАР ҶАНГИ БУЗУРГИ ВАТАНӢ

Дӯстони азиз!

Ҳамдиёрони гиромӣ!

Боиси хушнудӣ ва сарфарозии хурду бузурги мамлакат аст, ки бо шарофати соҳибистиқлолии меҳан ва сулҳу суботи комили кишвар ҳамасола солгарди Иди Ғалаба дар Ҷанги Бузурги Ватанӣ дар сатҳи баланд таҷлил мегардад. Ба муносибати 74 – умин солгарди ҷашни Ғалаба дар Ҷанги Бузурги Ватанӣ, пирӯзии мардуми собиқ Иттиҳоди Шӯравӣ бар фашизми гитлериро ба ҳамдиёрон, хусусан ба онҳое, ки дар ин ҷанги даҳшатбор иштирок намуда, он ҳама ваҳшониятро бо чашми сар дидаву баҳри нест кардани ин балои ногаҳонӣ ҷонбозиҳо кардаанд, таҳният мегӯям.

  • дифои Ватан ва саркӯб намудани қувваҳои истилоъгарони фашистӣ дар қатори миллионҳо фарзандони бонангу номуси Ватан, намояндагони миллату халқиятҳои гуногун дар баробари ҳазорон фиристодагони Тоҷикистон фарзандони бонангу номуси шаҳри Бохтар низ барои ҳифзи марзу буми хеш бархоста, дар ҷабҳаҳои мухталиф аз худ шуҷоату далерӣ ва матонату корнамоӣ нишон додаанд. Аксарияти родмардони мо барои озодии Ватан ҷони хешро аз даст дода ва номи худро абадӣ гардонидаанд. Онҳое, ки пас аз пирӯзӣ ба диёри худ баргаштанд, бо неруи дучанд барои барқарор сохтани хоҷагии халқ ва ободии кишвар камари ҳиммат бастанд. Дар ин радиф метавонем, ки номи қаҳрамонон Дмитрий Откин, Аброр Каримов, ҶумъаТағоев ва даҳҳо дигаронро бо ифтихор ба забон орем, ки кору пайкори онҳо барои мо сабақ аз садоқату ватандорӣ медиҳад.

Воқеан ҳам пирӯзии адолат бар ҷаҳолат мебошад. Кору пайкори сокинони дар ақибгоҳбуда низ сахту сангин буд. Онҳо дар саҳро, дар заводу фабрикаҳо заҳмат кашида, дар таъмини ҷабҳа бо маводи зарурӣ, бо хӯрока, либос ва ғайра саҳм мегузоштанд ва бо ин корнамоиҳои худ дар шикаст додани фашизми гитлерӣ кумаки арзанда мекарданд. Фидокорӣ, ҷонбозию қаҳрамонӣ, ҳисси баланди ватандӯстӣ, ҷасорату мардонагие, ки падарону бобоёни мо дар солҳои Ҷанги Бузурги Ватанӣ нишон доданд, мактаби бузурги садоқату вафодорӣ ба халқу Ватан ба шумор меравад. Бояд хотири ин насли фархундаю азизи худро гиромӣ дошта, ба онҳое, ки шумораашон хеле кам монда аст, арҷ гузорем ва аз кору пайкори онҳо сабақи инсондӯстию меҳанпарастӣ ва рафоқату бародарӣ гирем.

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пайваста таъкид менамоянд, ки «Сабақҳои ҷанги хонумонсӯзи солҳои 1941 – 1945, ҷанги таҳмилии шаҳрвандии солҳои 90–уми асри гузашта, ҷангу низоъҳодар Шарқи Наздик ва минтақаҳои дигари олам ҳушдор медиҳанд, ки ҳар яки мо арзишҳои миллӣ, истиқлолияти давлатӣ, сулҳу суббот ва ваҳдати миллиро чун гавҳараки чашм эҳтиёт кунем ва ҳамеша сарҷамъу муттаҳид бошем». Ин гуфтаҳо моро водор месозад, ки қадр намудани корнамоию ҷонбозиҳои насли калонсолро вазифаи ҷонии худ дониста эҳтиром кардан, арҷгузоштан ва кумак расонидан ба собиқадорони ҷангу меҳнат, шахсони ниёзманду барҷомонда, маъюбону ятимон волотарин арзишҳои инсонии мо бояд бошанд.

Дӯстони арҷманд!

Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳри Бохтар, ташкилоту идораҳо, соҳибкорон ва дигар ашхоси саховатпеша дар мавриди расонидани кумакҳои моддӣ ба собиқадорони ҷанг, беҳтар кардани шароити зиндагии онҳо корҳои зиёдро ба анҷом мерасонанд. Боэътимоди зиёд метавон гуфт, ки ин анъанаи нек, дастгирӣ ва мадад расонидан ба иштирокчиёну собиқадорони Ҷанги Бузурги Ватанӣ дар оянда низ идома хоҳад ёфт.

Шаҳри Бохтар маркази маъмурии вилояти Хатлон буда, рӯз аз рӯз ободу зебо гардида истодааст. Хусусан, дар заминаи омодагӣ ба 30 – солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон сохтмону азнавсозӣ, кабудизоркунию гулкорӣ муташаккилона идома дорад. Ҳидоят ва насиҳатҳои собиқадорону ҷанговарони башардӯст, баланд гаштани ҳисси ватандӯстию хештаншиносӣ ва ободкории насли ҷавон таъсири худро мерасонад.

Итминони комил меравад, ки сокинони бонангу номуси шаҳрамон бо такя ба таҷрибаи насли калонсоли қаҳрамон, идома додани роҳи паймудаи онҳо, ҳиссагузоштан дар тарбияи ватандӯстию худогоҳии насли наврас ба амалӣ гардонидани ҳадафҳои созандаи худ муваффақ мегарданд.

74 –умин солгарди Ғалабаи Бузург бар фашизми гитлериро бароятон бори дигар шодбош гуфта, бароятон саломатии комил, сарбаландӣ, хонаободӣ ва якдиливу иттифоқии доимиро орзу менамоям. Ид муборак!

Миёна: 4.3 (3 votes)
 

Суроғаи мо

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

  кӯчаи Б. Ғафуров №9

Бинои Мақомоти иҷроияи маҳалии ҳокимияти давлатии  шаҳри Бохтар

 

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ

facebook.pngmail.ru.pngyoutube.pngvk.png

 

 

Тамос бо мо

Tel: (83222) 2-23-44

Fax: (83222) 2-49-59

Email: kadrho.qurghonteppa@khatlon.tj

Zircon - This is a contributing Drupal Theme
Design by WeebPal.