БОХТАР: Пешравӣ дар соҳаи санъати рассомӣ назарас аст.

Санъати рассоми қадимтарин ҳунари аҷдодии тоҷикон аст, ки ин санъат дар замони худ пешрафтатарин соҳа дар осиёи миёна маҳсуб мешуд. Дар даврони соҳибистиқлолии мамлакат баробари дигар соҳаҳои хоҷагии халқи мамлакат санъати рассомӣ бо хубӣ рушд ёфт. Ин аст, ки рассомони наврасу ҷавон ҳамасола дар ҷамъомаду чорабинӣ ва озмунҳои ҷумҳуриявию байналмилалӣ фаъолона ширкат варзида, ҳунару маҳорати худро нишон медиҳанд.

Ёдовар мегардем, ки 1-уми ноябри соли 2018 дар мактаби санъати бачагонаи шаҳри Бохтар таҳти унвони «Хушбахтии Тошканд» фестивали байналмиллалии расмҳои бачагона бо иштироки намояндагони мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳри Бохтар, Раёсати фарҳанги вилояти Хатлон, маркази фарҳангии ҷавонони шаҳр ва дигар масъулон баргузор гардида буд. Дар даври авали озмун 45 нафар аз хонандагони мактаби мазкур иштирок намуданд. Ҳар як иштирокчии озмун тамоми ҳунару маҳорати худро истифода карда, расмҳои беҳтарини алоқаманд ба мавзӯро тасвир карданд. 21 нафар расомони наврас ба даври финалӣ роҳ ёфтанд. Ғолибони даври авали фестивал расмҳои худро ба шаҳри Тошканди Ҷумҳурии Узбекистон ба фестивал равон намуданд.

Дар даври ҷамбастии фестивал таҳти унвони «Хушбахтии Тошканд» расмҳои пешкашнамудаи шогирдони максаби санъати бачагонаи шаҳри Бохтар сазовори баҳои баланд гардида, ҷойҳои намоёнро ишғолкарданд. Ба ин муносибат дар мактаби санъати бачагона 29-уми апрели соли ҷорӣ бо иштироки Шералӣ Қосимов, мудири шуъбаи фарҳанги шаҳр, Дилшод Шодиев котиби комиссия оид ба ҳифзи ҳуқуқи ноболиғони шаҳр, директории мактаби санъати бачагона Раҳмонзода Фазлиддин ва омӯзгорони мактаби мазкур, тарбиятгирандагон, волидони рассомони наврас чорабинӣ баргузор гардид. Дар чорабинӣ ба 21 нафар иштирокчиёни фестивал «Сертификат»-и рассомии Ҷумҳурии Узбекистон дастрас карда шуд. Инчунин беҳтарин рассомони наврас қадрдонӣ гардиданд.

Ба иттилои директории мактаби санъати бачагонаи шаҳр Раҳмонзода Фазлиддин шогирдони муассисаи мазкур доиман дар чунин озмунҳо ширкат варзида, ҷойҳои намоёнро ишғол мекунанд. Онҳоро рассомони касбӣ дар сатҳи баланд омода менамоянд.

Ҳеҷ овозе нест
 

Суроғаи мо

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

  кӯчаи Б. Ғафуров №9

Бинои Мақомоти иҷроияи маҳалии ҳокимияти давлатии  шаҳри Бохтар

 

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ

facebook.pngmail.ru.pngyoutube.pngvk.png

 

 

Тамос бо мо

Tel: (83222) 2-23-44

Fax: (83222) 2-49-59

Email: kadrho.qurghonteppa@khatlon.tj

Zircon - This is a contributing Drupal Theme
Design by WeebPal.