КОНСЕРТИ «ОРКЕСТРИ ДАВЛАТИИ СИМФОНӢ»-И ДАСТГОҲИ ИҶРОИЯИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Дар театри мусиқӣ – мазҳакавии ба номи Ато Муҳаммадҷонови шаҳри Бохтар консерти «Оркестри давлатии симфонӣ» - и Дастгоҳи Иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон барномаи омоданамудаи худро пеш карданд. Дар он роҳбари дастгоҳ, муовинони раиси вилоят, раиси шаҳр Абдуалим Исмоилзода, роҳбарону кормандони ташкилоту муассиса ва корхонаҳои вилоятию шаҳрӣ иштирок доштанд. Сардори Раёсати фарҳанги вилоят Аловуддин Абдуллоев чорабиниро ифтитоҳ бахшида изҳор дошт, оркестри мазкур бо дастгирии махсуси роҳбари олии кишвар ташкил гардидааст. Ин аввалин сафари кории гурӯҳи оркестрӣ мебошад, ки дар шаҳри Бохтар намоиш пешкаш мегардад.

Барномаи консертӣ аз достони симфонӣ - «Само» дар иҷрои дирижёр Далер Тиллоев, «Валс» аз балети «Шелкунчик» дар иҷрои дирижёр Алишер Солиев, «Ман ориёиям» шеър ва оҳанги М. Сипанд, иҷрокунанда Хуҷастаи Мирзовалӣ, дирижёр Далер Тиллоев, «Фалак» - сюитаи консертӣ барои рубоб, думбра ва оркестри симфонӣ. Якканавозон Абдураҳмон Мадхолов ва Иброҳим Мирзошарифов, дрижёр Далер Тиллоев ба ҳамин монанд номераҳои «То боди сабо», «Симфонияи №40», «Лаъли Бадахшон», «Насли ҷавон», «Субҳи Душанбе», «Танҳо шудам, танҳо», «Отмагай Тонг», «Навои дил» ва амсоли ин дар сатҳи баланд ва дилпазир пешкаш гардиданд.

Олими Зиё Олим муовини директори оркестри мазкур изҳор дошт, ки оркестр соли 2016 бо Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ташкил шуд. Аз сентябри соли 21017 расман ба фаъолият шуруъ кард. Тулии чанд сол аст, ки зиёда аз 40 асри калонҳаҷму гуногунжанри мусиқии санъати касбии Тоҷикистон ва ҷаҳонро пешкаши тамошобинон мегардонад. Имрӯз мо 18 асарро манзури дустдорон мусиқии касбии шаҳри Бохтар намудем. Мардуми шарафманди ин шаҳр хуб моров а ҳунари моро истиқбол карданд, ки ин моро руҳбаланд менамояд. Ташкили оркестри симфонӣ як падидаи хубест. Мо ҷавонон, хонандагону донишҷӯён, ромишгароне, ки солҳои пеш хатм намудаву ҷои кор надоштанд, ромишгарони таҷрибадору муваффақро ҷалб намудем то ин ки фазои мусиқии касбии тоҷикистонро муатар намоем. Имрӯз репертуари оркестр зиёда аз 40 асар дорад ва болои асарҳои нав ба нав коркарда истодаем. О.З.Олим илова намуд, ки дар муассиса 165 нафар кор мекунад, ки 130 ҳайати эҷодӣ ва боқимонда кормандони техникӣ мебошанд. Хонандагон ва донишҷӯён кадрҳои навро мо ҷалб мекунем ва баъзеи онҳо истеъдоди Худододӣ доранд ва баъзеи дигарро такмил дода, омода месозем. Роҳбари давлат ба муассисаи мо аз деҳаҳо истеъдодҳоро ҷалб карданд. ин кадрҳои нав дар муҳити аркестр комил мешаванд ва барои фаъолияти оянда бо пуррагӣ омода мегарданд. Миннатдорем аз роҳбарияти мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят ва раиси шаҳри Бохтар Абдуалим Исмоилзода барои дастгирӣ дар ташкили консети мазкур. Дар нақша дорем, ки дар дигар манотиқи кишвар боз чунин консертҳоро ташкил кунем.

Дар воқеъ рушди санъату мусиқӣ ва гузоштани гомҳои устувор дар ин росто самараи истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад. Итминон меравад, ки фаъолияти чунин як оркестр дар дастгирӣ ва пешрафту такмилёбии кадрҳои нав мусоидат мекунад.

Миёна: 3.3 (3 votes)
 

Суроғаи мо

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

  кӯчаи Б. Ғафуров №9

Бинои Мақомоти иҷроияи маҳалии ҳокимияти давлатии  шаҳри Бохтар

 

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ

facebook.pngmail.ru.pngyoutube.pngvk.png

 

 

Тамос бо мо

Tel: (83222) 2-23-44

Fax: (83222) 2-49-59

Email: kadrho.qurghonteppa@khatlon.tj

Zircon - This is a contributing Drupal Theme
Design by WeebPal.